Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

«Зерсохти эҷоди чандсад ҳазор SWU дар таъсисоти ғанисозии Натанз омода аст»

$
0
0

Дар пайи дастури раҳбари Эрон барои ғанисозии ураниум, раиси созмони энерҷии атомии ин кишвар эълом кард, ки зерсохти эҷоди чандсад ҳазор SWU дар таъсисоти ғанисозии Натанз омода шудааст.

Ба думболи дастури оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон ба Созмони энерҷии атомии ин кишвар мабнӣ бар ин, ки ин созмон бояд сареъан барои расидан ба зарфияти 190 ҳазор SWU ҷиҳати ғанисозии ураниум омода шавад, мақомоти созмони мазкур аз иқдом барои афзоиши зарфияти ғанисозии ураниум хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНО, Алӣакбар Солеҳӣ, раиси созмони энерҷии атомим Эрон имрӯз дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки зерсохти эҷоди чандсад ҳазор SWU дар таъсисоти ғанисозии Натанз омода шудааст.

Вай афзуд: кори дигаре, ки дар Натанз анҷом шуд ва дар чорчӯби тааҳҳудоти подмони мо буд, вале эъломи умумӣ накардем, барои сохти сентрифужҳои пешрафта буд.

Солеҳӣ идома дод: барои сохти ин сентрифужҳо бояд таъсисотеро фароҳам ва беҳтарин таҷҳизоти андозагирӣ ва таҷҳизоти мухталифи контролӣ ва маконӣ барои мунтожи сентрифужҳои ҷадидро омода мекардем, ки ин корро анҷом додем ва фаъолиятҳои густурдае доштем, вале онҷоро ба кор нагирифтем.

Вай дар идома изҳор дошт: дар бораи истифода аз сентрифужҳои қадимӣ ва ҷадид агар мо бихоҳем ба сохти сентрифуж вуруд пайдо кунем дигар ба сентрифужҳои ҷадид таваҷҷуҳ хоҳем кард. Дар сурате, ки БАРҶОМ баҳам бирезад ва мо бихоҳем сентрифужҳои ҷадид мунтож кунем, қатъан сентрифужҳои насли ҷадидро мунтож хоҳем кард.

Солеҳӣ афзуд, феълан мо дар чорчӯби БАРҶОМ амал мекунем ва ҳеҷ коре хилофи БАРҶОМ анҷом нахоҳем дод. Мо зерсохтҳо ва омодагиҳои лозимро барои ин, ки вориди ин арса шавем оғоз хоҳем кард, ки он ҳам бо БАРҶОМ мушкиле надорад.

Вай дар посух ба саволе мабнӣ бар ин ки дастури раисҷумҳури Эрон ба ин созмон барои фароҳам кардани муқаддамоти ғанисозии санъатии бидуни маҳдудият пас аз хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ аст ё ин, ки дастуруламал дигаре аст низ гуфт: дастуруламале, ки раисҷумҳур ба созмон эълом карданд се мавриди мушаххаси тавлиди UF6, сохти корхонаи тавлиди UF4 ва сохту таҷҳизи маркази ҷадиди мунтожи сентрифуж буд, ки дар ҳоли пайгирии он ҳастем.

Аз сӯи дигар, Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энерҷии атомии Эрон низ эълом кард, ки «дар номае ба Ожонси энерҷии атомӣ, ки аз сӯи намояндагии Эрон дар он таҳвил хоҳад шуд эълом шудааст, ки аз рӯзи душанбе раванди афзоиши зарфиятҳои лозим барои тавлиди гази UF6 ва UF4 ва сохту мунтожи корхонаи ротори сентрифуж оғоз мешавад.»

Гуфтанӣ аст оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, рӯзи душанбе (4 июн) ба Созмони энерҷии атомии ин кишвар дастур дод сареъан омодагии лозим барои расидан ба 190 ҳазор SWU-ро дар чорчӯби тавофуқи ҳастаии Эрон бо қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ фароҳам кунад. SWU воҳиди кори як сентрифуж аст, ки тавонмандии онро дар ҷудосозӣ ва мизони ғанисозии ураниум нишон медиҳад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>