Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Туркия саховатмандтарин кишвар дар ҷаҳон дониста шуд

$
0
0

Туркия дар соли 2017  бо кӯмакҳои башардӯстонааш саховатмандтарин кишвар дар ҷаҳон дониста шуд.

Тавре, ки дар гузориши солонаи ташкилоти британиягии Ташаббус ва тараққиёт   бо номи «Кӯмаки башардӯстона дар ҷаҳон» нашр шудааст, қайд карда шудааст, ки Туркия дар соли 2017 дар рӯйхати кишварҳое, ки ҳамасола кӯмакҳои башардӯстона мекунанд, дар ҷои аввал қарор гирифтааст.

Тибқи гузориш соли гузаштаи 2017 Туркия ба маблағи 8.07 миллиард доллари ИМА кӯмаки башардӯстона кардааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошад 6,68 миллиард доллари ИМА, Олмон — 2.99 миллиард доллар, Бритониёи Кабир — 2,52 миллиард доллар, Иттиҳоди Аврупо — 2,24 миллиард доллари ИМА  кумакҳои башардӯстона кардаанд.

Дар муқоиса бо кӯмакҳои башардӯстона ба тавлиди нохолиси дохилӣ низ,  Туркия дар ҷои аввал қарор гирифтааст, ки баробар ба 0,85% мебошад. Баъди Туркия кишварҳои Норвегия ва Люксембург (0.17%) дар рада ҷой дода шудаанд. ИМА дар ин рӯйхат, дар муқоиса ба тавлиди нохолиси дохилӣ дар ҷои 19-ум бо нишондиҳандаи 0,04% ҷой гирифтааст.

Тавре хабаргузории Анадолу иттилоъ додааст, айни замон 201 млн нафар аҳолии рӯи замин аз 134 кишвари ҷаҳон ниёз ба кӯмаки башардӯстона доранд ва бештари онҳо дар Сурия, Яман ва Туркия зиндагӣ мекунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>