Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Оғози бунёди корхонаи бузурги саноатӣ дар ноҳияи Айнӣ

$
0
0

Дар мавзеъӣ Кончоки ноҳияи Айнӣ барои бунёди корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузошта шуд, ки гуфта мешавад ба кор оғоз кардани ин корхона Тоҷикистонро ба бузургтарин истеҳсолкунандаи сурма дар ҷаҳон баъди Чину Русия табдил медиҳад.

Дар оғози сафари шашрӯзааш ба вилояти Суғд, ки аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд, ба раисҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории Ширкати алюминийи тоҷик, аз қабили сохтмони корхонаи истеҳсоли соддаи каустикӣ ва поливинилхлорид бо иқтидори 50 ҳазор тонна соддаи каустикӣ ва 50 ҳазор тонна поливинихлорид дар ноҳияи Ёвон, сохтмони корхонаи истеҳсоли алюминий бо тавоноии 100 ҳазор тонна маҳсулот дар шаҳри Турсунзода ва корхонаи бойгардонии ноҳияи Айнӣ дар асоси кони Қазнок муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин дар ин ҷо намоиши дастовардҳои КВД «ТАЛКО Кемикал»-и ноҳияи Ёвон, ки ба истеҳсоли криолит, фториди алюминӣ, каогулянт ва кислотаи сулфат машғул мебошад баргузор карда шуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ояндаи ҶСК «ТАЛКО Голд», ки аз ҷониби муттахассисон тавассути видеоролик намоиш дода шуд, шинос гардид.

Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, бо маблағи Чин сохта ба истифода дода мешавад.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур иттило медиҳад, ки дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.

“Ҳамаи унсурҳои кимиёии зикргардида дар Тоҷикистон истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд” — омадааст дар иттилои дафтари матбуотӣ.

Аз рӯи маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ ду — се соли пеш Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истихроҷи сурма баъд аз Хитой, Россия ва Боливия дар ҷойи чорум қарор дошт ва баъди ба кор оғоз крадани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм барояд.

Захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Баъди шиносои бо лоиҳаи ҶСП «ТАЛКО Голд» Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузошт. Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ як солу шаш моҳ ба нақша гирифта шудааст.  Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида истеҳсоли 1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар ин корхона аввали соли 2020 ба роҳ монда мешавад. Дар заминаи бунёди ин корхонаи азими саноатӣ марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>