Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони НБО “Роғун” маблағгузорӣ нахоҳад кард, иттило медиҳад Reuters бо истинод ба раҳбари иҷроии ин бонк Сирил Мюлер.
Сирил Мюлер, ноибраиси Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ дар мусоҳибааш бахшида ба конфронси об дар Душанбе гуфт, Душанбе роҳҳои дигаре барои сохтмони ин НБО дар пеш гирифтааст ва Бонки ҷаҳонӣ дар пружаи дигаре ширкат хоҳад кард:
“Сабаби аз сармоягузории “Роғун” даст кашидани мо ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон чанд роҳи амалкард бо “Роғун”-ро дошт ва хост сохтмонро тезонад. Мо ба ин натиҷа расидем, ки саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар дастгирии сармоягузориҳо дар пружаҳои дигари энергетикӣ ба манфиъат хоҳад буд” — гуфт ӯ.
Тибқи гуфтаи Мюллер ҳукумат ва Бонки ҷаҳонӣ тасмими гирифтаанд дар бозсозии НБО “Норак” ҳамкорӣ кунанд.
Тибқи гузориши Reuters Тоҷикистон ният дорад барои ҷалби сармоя ба сохтмони “Роғун” банди дигари қо0азҳои қиматнокро ба фурӯш барорад, вале баъди ин эълони Бонки ҷаҳонӣ шояд аз паи ҷустуҷӯи маблағ шавад.
Соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи 500 миллион доллар қоғазҳои қиматнок ба фурӯш бароварда буд. Ҳукумат ният дорад барои пружа 3,9 миллиард доллар сармоя ҷалб намояд.
Қаблан ноиби аввали раҳбари Бонки миллӣ ва домоди раисҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқоташ бо ноибпрезиденти Бонки аврупоии тавсеъа ва рушд Бетси Нелсон, аз ин бонк даъват карда буд дар сохтмони “Роғун” ширкат кунад.