Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Путин амр кард раванди додани иқома ба русидонҳо содатар шавад

$
0
0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин амр кард раванди додани иқомаи (вид на жительство) муваққати ва доимӣ ба шаҳрвандони хориҷие, ки забони русиро медонанд ва нияти кору зиндагӣ дар ин кишварро доранд, сода карда шавад.

Дар ин бора дар сомонаи расмии Кремлин иттилоъ дода шудааст.

Вазоратҳо дохила ва меҳнати Русия муваззаф шудаанд ин фармонро амалӣ созанд.

“Ба Вазорати корҳои дохила супориш дода мешавад ҳамроҳ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия чораҳои лозимаро барои сода кардани раванди ироасозии иқома ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки ба забон русӣ тасаллут доранд ва хоҳиши кору зиндагӣ кардан дар Русияро доранд, биандешанд” — омадааст дар ин ҳуҷҷат.

Қайд шудааст дар сурати пайдо шудани зарурат имкон дорад ва қонунгузории ин кишвар тағйирот ворид карда шавад.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>