Дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон нафаре ҳузур дошт, ки аз ҳамаи тоҷикони дар онҷо ҳузурпайдокарда аксбардорӣ мекард, аммо худаш сахт мекӯшид дар дурбини дастгоҳҳои аккосӣ наафтад.
Ҳар гоҳ касе хост аз ӯ аксбардонӣ кунад, бо планшеташ рӯяшро пинҳон мекард, ё пушт мегардонд. Ҳама тахмин мезаданд, ки ин нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст, аммо далеле надоштанд.
Билохира яке аз ширкаткунандагони тазоҳурот ӯро шинохт. Ва маълум шуд ӯ на танҳо корманди КДАМ будааст, балки дар тӯҳмат алайҳи мухолифон ва латукӯби онҳо дахли мустақим доштааст.
Нафаре, ки ӯро шинохт, Ҳабибулло Тешаев, бародари Муҳаммадӣ Тешаев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Ӯ қиссаи муносибати мустақимаш бо он амниятиро чунин нақл кард:
Вақте баъди боздошти аъзои Раёсати олии ҲНИТ бародарам Муҳаммадӣ аз Тоҷикистон ҳиҷрат кард, рӯзи 19 сентябри соли гузашта як гурӯҳи иборат аз 15 нафар, ки ба он раиси ҷамоати Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, кормандони додситонии ноҳия, ҳукумати ноҳия ва шӯъбаи Кумитаи амнияти ноҳия шомил буданд ба хонаи мо омада, ҳама ҷоро кофтукоб карданд. Ҳатто фарши хонаро канда тафтиш карданд. Чизе наёфтанд. Баъд ба тарфи оғил рафтанд. Борон борида буду замин лой буд. Ман дари ҷевони кӯҳнаро ба зери пояшон партофтам, то дар лой нағӯтанд. Онҷо ҳам чизе наёфта рафтанд.
Рӯзи дигар як гурӯҳи иборат аз 45-50 нафари ношинос омада, худро аз бахши шаҳрии Кумитаи амният муаррифӣ карданд. Ҳамроҳашон додситони ноҳия ва дуғсе корманди додситонӣ ҳам буданд. Гуфтанд барои кофтукоб омадаанд. Ман посух додам, ки дирӯз омада кофта буданд, боз чӣ хел кофтукоб. Гуфтанд “мо аз бахши шаҳрӣ ҳастем ва фаъолияти онҳоро назора мекунем. Бояд худамон ҳам кобем. Вақте ба ҳавлӣ даромадем, як қисми онҳо маро ба даруни хона бурданд, то кофтукоб кунанд. Ман ба кӯдакон гуфтам, ки тарафи оғилро назора кунанд, то ягон чиз напартоянд. Вақте хонаро диданду чизе наёфтанд тарафи оғил рафтем. Ҳамон дари ҷевоне, ки рӯзи гузашта ман дар замин партофта будам, рост меистод. Ба ман амр карданд, ки чанд шифер тахтае, ки буд бардорам. Баъд амр карданд ҳамон дари кӯҳнаро яктарафа кунам. Вақте онро бардоштам дар пушташ як халта истода буд. Дарҳол чанд нафар давида онро бардошта ба замин рехтанд. Аз дарунаш 6 норинҷак, тирҳои гуногун ва қисмҳои таппонча ба замин рехтанд. Ман гуфтам, ки ин тӯҳмат аст ва онро худашон гузоштаанд, чун ин дари ҷевон то чанд дақиқа пеш дар замин хоб буд. Ду нафарашон маро дошта дастонамро ба қафо тоб доданд. Ду се нафари дигараш чанд мушту лагад ба шикаму сарам заданд.
Як нафар дар дасташ планшет омаду ба сарам бо кунҷи ҳамон планшеташ дуто зада амр кард, ки сарамро бардорам. Вақте сарамро бардоштам ба наворбардорӣ оғоз кард. Мепурсиданд, ки ин яроқҳо аз куҷо пайдо шуданд. Вақте мегуфтам худашон партофтанд, боз мушту лагадзанӣ сар мешуд.
Баъд маро ба хона дароварданд. Онҷо пешниҳод карданд, ки назди камера истода эълон кунам, ки ин яроқҳоро бародарам Муҳаммадӣ бо супориши раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба хонаамон овардааст. Ман розӣ нашудам. Гуфтанд, ки агар ин корро накунам худамро гунаҳкор мекунанду ба ҳабс мегиранд. Боз ҳам қабул накардам. Баъд маро ба додситонии ноҳия бурда хеле фишору тазйиқ карданд то амрашонро иҷро кунам. Ман қабул накардам.
Баъди баргаштан аз додситонӣ, фарзандам гуфт, ки вақте аз мактаб бармегаштааст дидааст, ки ҳамон халтаи яроқҳоро аз паси мошини Кэмрии сиёҳ шитобон гирифта ба ҳавлӣ даровардаанд. Чанд рӯз маро гоҳ ба додситониву гоҳ ба кумитаи амният мебурданд ва билохира маҷбур шудам аз Тоҷикистон фирор кунам.
Ба Лаҳистон омада паноҳандагӣ гирифтам. Рӯзи 20 сентябр, расо баъди як соли латукӯб шуданам аз тарафи кормандони Кумитаи амният ба толори маҷлиси САҲА оид ба ҳуқуқи инсон ворид шудам. Дар байни ҳайати намояндагони Тоҷикистон як нафар шинос намуд. Ба наздаш рафта дидам, ки ҳамон корманди КДАМ, ки маро бо планшеташ зада буд ва маҷбур мекард, ки назди камера сухан кунам, будааст. Ӯ ҳам маро шинохта, дарҳол нишонаи гарданашро чаппа гардонд, то номашро набинам. Хостам аксашро бардорам, ки пушташро гардонд. Ман гирдашро чанд маротиба давр задам то акс бардорам, лекин мегурехт. Баъди чанде дидам, ки пинҳонӣ маро аксбардорӣ мекунад.
Баъди ҳамон вохурӣ ӯ дигар дар нишаст ширкат накард.