Дар Душанбе боз як тарабхонаи дигар месӯзад. Тарабхонаи дуошёнаи «Шукрона» ки дар гардиши фурӯдгоҳи пойтахт ҷойгир шудааст, дар ҳоли сӯхтан астю . Шоҳидони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин оташсӯзиро мунташир мекунанд.
Дар навор дида мешавад, ки аз дохили бинои тарабхонаи «Шукрона» дуди ғализу сиёҳ баланд мешавад. Садои мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ҳам шунида мешавад.
Давоми се ҳафтаи охир, ҳади ақал саввумин тарабхона дар Душанбе месӯзад. Рӯзи 6-уми июн дар тарабхонаи туркии “Мерве” сӯхтор ба амал омад.
Рӯзи 24-уми июн бошад тарабхонаи “Роҳат” воқеъ дар рӯбарӯи корхонаи нассоҷии Душанбе ба коми оташ рафт.
Инак имрӯз тарабхонаи «Шукрона» месӯзад.
Шариф Назарзода сардори Раёсати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ниҳодаш то ба ҳол ҳини тафтиши сабабҳои оташсӯзиҳо, вуҷуди хусумат ё барқасдона оташ задан ва ё кадом амали душманиву рақобат миёни соҳибони бозору ошхонаҳоро, мушоҳида накардааст.
Аммо се сӯхтори пайдарпай дар се ҳафта имкони тасодуфи будани сӯхторҳоро хеле заъиф мекунад. Сӯхторҳо дар бозорҳои бузурги кишварро ҳам мақомот ҳамеша тасодуфӣ меноманд, аммо он бозорҳо баъди сӯхтор дар ихтиёри аъзои оилаи раисҷумҳур ва ё афроди наздик ба он қарор мегиранд.
Ба назар мерасад баъди тақсими бозорҳои кишвар навбат ба тарабхонаҳо расидааст.