Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи нави “хоинони миллат”-ро муайян кард

$
0
0

Раисҷумҳури Тоҷикистон гурӯҳи нави шаҳрвандони Тоҷикистонро муайян кард, ки бояд “хоини миллат” хонда шаванд. Инҳо кормандони ниҳодҳои интизомие ҳастанд, ки бо гардишгарон муомилаи бад мекунанд.  

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Суғд гуфт “агар минбаъд корманди умури дохила, гумрук, сарҳадбонӣ аз сайёҳон ё худ туристҳои хориҷӣ пул меситонанд ё барои гардиши онҳо монеа эҷод мекунанд, хоини миллат эълон карда шавад ва дар нисбати ӯ ҷазои сангин дида шавад”.

Ба андешаи раисҷумҳури Тоҷикистон, ки соли 2018-ро соли гардишагрӣ эълон кардааст, муомилаи бад бо сайёҳи хориҷӣ “шарм ва айб аст” ва “сайёҳи хориҷиро мегурезонад”.  

Эмомалӣ Раҳмон мӯътақид аст, ки “рафтори ношоистаи кормандони интизомӣ туристро тарс медиҳад ва аз омадан ба Тоҷикистон ҳазар мекунанд ва бадтар аз ҳама, обрӯи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рехта мешавад”.

Қаблан ибораи “хоини миллат” танҳо нисбати мухолифине истифода мешуд, ки дар хориҷ ба сар мебаранд ва алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон садо баланд мекунанд. Мансабдорони давлатӣ ва фейкҳои тарафдори ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин мухолифин “хоини миллат” хитоб мекунанд.

Ба назар мерасад ба гурӯҳи бузурги “хоинони миллат” дар хориҷ гурӯҳе дар дохил — долонҳои мақомоти интизомӣ ҳамроҳ хоҳанд шуд.  

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>