Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Очата …”. Баддаҳонии раиси ноҳия ва ифшои сирри фитри рӯза

$
0
0

Раиси ноҳияи Фархор барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии фитри рӯза тобеъонашро бо қабеҳтарин лафз дашномборон кардааст. Дашномҳои ӯ аз қабили «к…и занта фалон мекунам, к…и очата фалон мекунам.””, «мегирам дар к…атон мезанам” дар ҷаласаҳо, ки бо гумон ғолиб занон ҳам ҳузур доштаанд, садо додааст.

Сулаймон Вализода нохоста сирри таъсиси комиссияҳои махсус барои ҷамъоварии фитри рӯзаро низ ифшо кардааст.  

Бо гузориши сомонаи “Ахбор” раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода, ки бо шеваи шадиди раисиаш машҳур аст, дар чанд ҷаласа зердастонаш, бахусус раисони ҷамоатҳои ин ноҳияро барои иҷро накардани «план”-и ҷамъоварии фитри рӯза таҳти борони дашному ҳақорат қарор додааст.

Сулаймон Вализода дар оғози ҷаласа аз зердастонаш як-як мепурсад, ки кадомаш чӣ қадар маблағ аз фитри рӯзаи мардум барои «ободонии ноҳия” ҷамъ кардааст?

Аммо вақте ҳаҷми маблағҳои ҷамъшударо мешунавад, Вализода ба хашм омада, борони дашному ҳақоратро ба сари зердастон, бахусус раисони ҷамоатҳо фурӯ мерезад.

Сулаймон Вализода, ки дар ҳолати хашму ғазаб ба сари аҳли маҷлис доду фарёд мезад, аз ҳама талаб мекунад, ки «план”-и барои ҳар кадомаш фармудашуда дар бораи ҷамъоварии фитри рӯзаи мардумро иҷро кунанд: «Наметонӣ, бро, дафъ шав! Накардӣ, к…и занта фалон мекунам, к…и очата фалон мекунам. Наметонӣ, бро, дафъ шав! Хаёл кардед, ки вазифаи раиси ҷамоат фақат замин додан аст.”

Дар идомаи суханрониаш раиси ноҳия, ки дигар назорати худро аз даст дода, хеле оташин шуда буд, нисбат ба зердастонаш ибораҳое, чун «лаънатӣ”, «ҳаромхӯр”, «ҳароми муттаҳам”-ро ба забон оварда, хитоб ба як раиси ҷамоат мегӯяд, «ту г…ҳ мехӯрӣ дар вазифаи раиси ҷамоат?”

Сулаймон Вализода ҳамчунин таҳдидомез мегӯяд: «Дар назди прокуратура ҷавоб метӣ. Кор осон нестай. Корро буд кун! Накардӣ, мегирам, дар к..ат мезанам ҳамира…”

Имсол бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон комиссияҳои махсусе аз тарафи давлат барои ҷамъоварии фитри рӯзаи мардум таъсис шуд. Эълон шуда буд, ки комиссияҳои махсуси давлаттаъсисдода фитри рӯзаро байни камбизоатони маҳал тақсим мекунанд. Даъво ҳам доштанд, ки ҷамоъатҳо аз шахсони нодор бештар огоҳанд.

Вале аз суханони раиси ноҳияи Фархор ва қаҳру ғазаби ӯ аз иҷро нашудани “план” маълум мегардад, ки фитри рӯза на барои камбизоатон, балки барои “ободонии ноҳия”-ҳо ҷамъоварӣ мешудааст.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>