Дар Тоҷикистон таърифу тавсифи “Пешвои миллат”-ро омили асосии ҳифзи ҷавонон аз хатарҳои инзамонӣ донистаанд.
Дар кишвар Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 қабул шудааст. Ин барнома аз тарафи раисҷумҳур моҳи март имзо шудааст, аммо ба дасти Паём имрӯз расид.
Ҳадафи асосии барнома “фароҳам овардани шароити мусоид, имконоти муассир ва ташаккули механизмҳои амалӣ ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондўстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ” гуфта шудааст.
Таҳиякунандагони барнома, аз ҷумла раисҷумҳур ба ин назаранд, ки тасдиқи он дар самти тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандўстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, ҳифзи амният, таҳкими истиқлолият ва ободии Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир, таблиғоти ифротгароёна, оштинопазирии милливу мазҳабӣ, пешгирӣ кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва таассуби динӣ дар байни ҷавонон заминаи устувор мегузорад.
“Ҳисси ватандўстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад” — омадааст дар ин ҳуҷҷат.
Ҳаҷми умумии маблағузории Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 9 млн 645 ҳазор сомониро ($1 миллион) ташкил дода, аз он 7 млн 750 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 1 млн 895 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳои маблағгузорӣ ташкил дода мешавад.
Нақшаи аввали ин барнома таъсис додани маҳфилҳои доимоамалкунандаи «Пайравони Пешвои миллатем» барои муҳассилини синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аст.
Ҳамчунин ин барнома ташкил намудани аксияҳои мухталифи тарғиботӣ дар мавзўҳои «Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омодаем!», «Барои Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол хизмат мекунем!», «Садоқат ба Пешвои миллат-садоқат ба Ватан!»-ро пешбинӣ кардааст.
Дар барнома ба сохторҳои гуногуни кишвар “мавриди омўзиши доимӣ қарор додани суханрониҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва байни ҷавонони тамоми манотиқи ҷумҳурӣ тарғиб кардани он дастур дода мешавад.
Дар вақти холигӣ аз ситоиши “Пешвои миллат” ташкил ва гузаронидани фестивалҳои дўстии ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, баргузории фестивалу озмунҳои мухталифи фарҳангӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, таҳияи филмҳо, роликҳо ва барномаҳои телевизиониву театрии дорои мавзўи ватандўстона ва пахши онҳо тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон мувофиқи мақсад ҳисобида шудааст.
Дар барнома қайд шудааст, ки 6 миллион нафари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, ки беш аз 70 фоиз аз шумори умумӣ аст.
Дар ҳамин ҳол ҷиноятҳои содиршаванда аз тарафи ин қишри аҳолӣ дар ҳоли афзоиш аст. Барои мисол, дар солҳои 2015 ва 2016 11692 ҷинояти мухталиф аз ҷониби ҷавонон содир гардида, дар соли 2016 шумораи шомилшудагон ба гурўҳҳои иртиҷоӣ ба 1293 нафар расидааст.
То замони баста шудани ҲНИТ дар сентябри соли 2015 ин шумор ҳудуди 300 нафарро ташкил медод.
Қайд гардидааст, “ҷавонони аз 14 то 30-сола 3117200 нафар, яъне 35 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ки ниёз ба таълиму тарбия ва дастгирии ҳамарўза доранд”. Давлати Тоҷикистон тарбияи онҳоро дар пайрави “Пешвои миллат” будан ва шиори “Садоқат ба Пешвои миллат-садоқат ба Ватан!” мебинад.