Идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили пулиси Туркия Аднон Октар машҳур ба Ҳорун Яҳёро ҳамроҳ бо 235 нафари дигар ба иттиҳоми узвият дар созмони ҷиноии вай дастгир кард.
Амалиёти пулиси Туркия тай дар панҷ устони ин кишвар аз ҷумла Истамбул, ҷараён гирифт ва бо вуҷуди боздошти 235 нафар то ҳол анҷом наёфтааст. .
Аднон Октар, раҳбари ин созмон, ки бо номи мустаъори Ҳорун Яҳё фаъолият мекунад, низ дастгир шудааст. Бозрасӣ аз манзилҳои аъзои созмон мазкур идома дорад.
Бархе иттиҳомоти дастгиршудагон иборатанд аз:
-таъсиси созмони ҷиноӣ, суъистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон, таҷовузи ҷинсӣ, иртиботи ҷинсӣ бо афроди зери синни қонунӣ, рабудани атфол, таҳдид ва шантаж, аз озодӣ маҳрум сохтани афрод, ҷосусӣ, фиреб ва тақаллуб бо суъистифода аз эҳсосоти мазҳабӣ;
-пулшӯӣ, нақзи ҳарими хусусӣ, тақаллуби аснод, мухолифат бо қонуни зидди терроризм ва қочоқ, ифтиро ва иттиҳом, тавҳин, шаҳодат дурӯғ, гирифтани ришва, озору азият ва мухолифат бо қонуни ҳимоят аз хонавода ва ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи занон.
Аднон Актор бо тахаллуси Ҳорун Яҳё беш аз 300 китоб, аз ҷумла барои кӯдакон навиштааст, ки ба 70 забони дунё мунташир шудааст. Бештари китобҳои ӯ таҳқиқоти илмӣ дар асоси Қуръон аст.
Ин олими турк ба фаҳшо машҳур аст ва дар атрофаш даҳҳо ҷавонзани зеборо ҷамъ карда, пайваста ба айшу ишрат машғул буд. Ҷавонзанони атрофи ӯро рӯзноманигорон “ҳурони заминии Октар меномиданд.
Октар бо даъвоҳои ҷанҷолбарангезаш ҳам машҳур аст: