Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Шарофиддин Гадоев: бояд дар асоси манфиатҳои миллӣ тасмим гирифта шавад (Навор)

$
0
0

Ҷумбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” низ дар ҳамоиши фардо, ки дар Дортмунд баргузор мешавад, ширкат мекунад.  «Паём» сӯҳбате дошт бо узви раёсати ин ҳаракат Шарофиддин Гадоев: 

Паём.net: Ҳадаф аз баргузории Ҳамоиш чист?

Шарофиддин Гадоев: Албатта, дар ин Ҳамоиш ҷумбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” низ даъват шудааст. Аъзоёни ҷумбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар ин Ҳамоиши бахшида ба ҷашни 21-солагии Созишномаи ризоияти сулҳ иштирок хоҳанд кард, аз ҷумла худи банда. Ин Ҳамоиш бо ҳадафи ҷашнгирии 21- солагии ҷашни Ваҳдат баргузор мегардад, ки ин моли мардум аст, моли ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Дар назар аст дар Ҳамоиш гурӯҳҳои алоҳида, шахсони мустақил ҳам иштирок кунанд.

Паём.net: Дар Ҳамоиш чӣ масъалаҳое баррасӣ хоҳанд шуд?

Шарофиддин Гадоев: Дар доираи ин Ҳамоиш шояд масъалаи нақзи ҳуқуқи инсон  дар Тоҷикистон низ бардошта шавад. Дар мавриди буҳронҳо ва мушкилиҳои сиёсӣ низ ба андешаи ман гуфтумонҳо суръат хоҳад гирифт.

Дар ҳошияи ин Ҳамоиш шояд як мизи мудаввар баргузор шавад ва дар ин ҷо табодули афкор вобаста ба ояндаи Тоҷикистон сурат гирад. Дар бораи усули фаъолияти минбаъда ба хотири рушди Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, аз ҷумлаи равшанфикрон, шахсони мустақил, шаҳрвандони оддӣ ва ташкилотҳои сиёсӣ, машварату маслиҳат хоҳанд кард.  Ҳамин қадар метавонам бигуям, ки дар як нишасти музокиравӣ табодули афкор барои ояндаи Тоҷикистон сурат мегирад.

Паём.net: Чӣ интизориҳое аз Ҳамоиш доред?

Шарофиддин Гадоев: Ин ҳамоише аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҳам наздик мекунад, шаҳрвандони Тоҷикистонро метавонад бо ҳам дар хориҷи кишвар мутаҳҳид созад. Дар хориҷи кишвар метавонад, як фаъолияти густурдаи вобаста ба амалҳои ғайриқонунии ҳукумати Тоҷикистонро пиёда созад. Идеяҳои муштарак метавонанд ба вуҷуд биёянд. Ба фикри ман барои мухолифин зуд- зуд баргузор шудани чунин ҷамъомадҳо намерасад. Ба он нафароне, ки дилашон барои ояндаи Тоҷикистон месӯзад, фикр мекунам, ки ин ҳамоиш заминае барои муттаҳид шудан хоҳад буд.

Чунин ҷаласаҳо шароити беҳтару хубтарро барои ҳамдигарро дидан ва аз наздик шинос шудан ба вуҷуд меоварад. Ман хоҳони онам, ки ингуна ҷаласаҳои миллати Тоҷикистон бештар шаванд. Дар умум тоҷикон бо ҳар баҳонае, ки ҷамъ меоянд, ин  бо ҳам наздик шуданро дар хориҷи кишвар метавонад беҳтар кунад ва ба иттифоқ шудани мардуми тоҷик замина гузорад.

Паём.net: Чӣ вокунишҳое ҳукумати Тоҷикистон ба Ҳамоиш хоҳад дошт?

Шарофиддин Гадоев: Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷамъ омадани мухолифин дар хориҷи кишвар эҳсоси хатар мекунад ва чунин ҷамъомадҳо метавонад зарбаи сахте ба режими кунунӣ занад. Онҳо ҳама гуна ҷамъомади тоҷиконро дар хориҷи кишвар хатар барои худ медонанд. На танҳо мухолифин ҳатто муҳоҷиринеро, ки дар хориҷи кишвар, дар Русия ва ё Қазоқистон ҳастанд, ҳукумат мехоҳад, зери контроли худ гирад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷамъ омадани онҳоро дар зери як созмон, ҳатто сиёсӣ ҳам набошад, намехоҳад. Дар худи Тоҷикистон низ ҷамъ омадани мардумро ҳатто дар зодрӯзҳо манъ карданд. Дар ҳар ҷое, ки масъалаҳои сиёсии кишвар баррасӣ мешавад, ҳукумати Точикистон дар он хатар мебинад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ин писанди онҳо нест.  Бо ҳар роҳу восита чунин ҷамъомадҳоро сиёҳ мекунанд, инчунин иштироккунандагони ин ҷамъомадҳоро таъкиб мекунанд, тӯҳматҳои шохдор мечаспонанд.

Паём.net: Ҷумбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар Ҳамоиш гуфтаниҳое дорад?

Шарофиддин Гадоев: Мо умед дорем, ки ҳар ҷашну чорабиние, ки мешавад новобаста аз он ки сиёсӣ аст ё фарҳангӣ, ба манфиати мардум аст ва ҳукумат набояд аз онҳое, ки дар хориҷ як ҷашни миллиро кайд мекунанд биҳаросад, ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтонҳоро болои шаҳрвандони худаш бор кунад ва шаҳрвандони содиқи ватани худашро, онҳоеро, ки дилашон ба ин ватан месӯзад, душман эълон кунад. Онҳоро аз имкониятҳои телевизионӣ ва аз он чизҳое, ки дар дастҳояшон доранд истифода бурда, дар назди мардум сиёҳ кунанд. Ин амали ҳукумат амали хиёнаткорона аст. Хуб мешуд, ки ҳукумат ба ҷои тӯҳмату буҳтонҳо даст ба ислоҳот занад, то замина барои танқиди онҳо камтар шавад. Заминаро онҳо гузоштаанд, бояд аз ин наҳаросанд, ки шахрвандонашон дар хориҷи кишвар онҳоро танқид мекунанд.

Ҳукумат ягона аз он метарсад, ки шаҳрвандонаш дар хориҷи кишвар аз амалҳои нопоки онҳо, аз корҳои ғайриқонунии онҳо мизи мудаввар барпо мекунанд ва ин амалҳои онҳоро зери танқид қарор медиҳанд. Он шахсоне, ки дар ҳукумат ҳастанду дилашон ба ояндаи Тоҷикистон месузад, иҷозат диҳанд чунин мизҳои мудаввар дар худи Тоҷикистон гузарад, иҷозат диҳанд, ки дар тамоми дунё гузарад, ки мардум барои ояндаи худаш тасмимгиранда бошад, на ин ки чор нафар аз як хонавода тасмимгиранда барои ояндаи миллату давлати Тоҷикистон бошад.  

Албатта мо низ пешниҳод дорем ва агар лозим бошад, бо тариқи хаттӣ пешниҳод хоҳем кард ва агар шифоиву ғайрирасмӣ барои афкори умум бошад, андешаҳои худамонро иброз медорем. Ҳоло замоне расидааст, ки набояд гурӯҳӣ фикр кард, хос аз нигоҳи динӣ тасмим набояд гирифт, аз андешаҳои қавмиву маҳаллӣ бояд фирор кард ва бояд танҳо дар асоси манфиатҳои миллӣ тасмим гирифта шавад. Роҳро имрӯз бояд шахрвандони Тоҷикистон интихоб кунанд ва танҳо мардум тасмимгиранда бошад.  

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>