Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Панҷ муҳоҷири тоҷик дар натиҷаи канда шудани лифт шаҳид шуданд

$
0
0

Бо иттилои Интерфакс дар натиҷаи канда шудани лифт дар яке аз навсохтмонҳои воқеъ дар кӯчаи Шеногини Маскав, 5 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ин хабаргузори аз шахсияти кушатшудагон чизе намегӯяд, вали Иззат Амон, раҳбари созмони “Ҷавонони муҳоҷири тоҷик” дар Русия навиштааст ин панҷ нафар ҳамагӣ тоҷик будаанду ҷанозаашонро ҳам хондаанд.

Иззат Амон мегӯяд наздикони он муҳоҷирин ба ӯ барои кӯмак дар дарёфти мабалғ аброи интиқоли онҳо муроҷиъат кардаанд. Матни пурраи навиштаи Иззат ба шакли зер аст:

Инна лилоҳи ва инна илайҳи роҷиъун…

Чанд руз қабл дар яке аз навсохтмонҳои шаҳри Маскав лифт аз 8 табақа бо 5 нафар канда шуда ба замин бархӯрда буд.

Намедонам аз чӣ бошад, вале қалбам як таконе хӯрду ба худ гуфтам, Худо накарда муҳоҷирони тоҷик дар дохили он лифт қарор дошта бошанд.

Тӯли ду рӯзи гузашта, аз ҳодиса ҳеҷ хотирам ҷамъ намегашт. Ин субҳ бачаҳо занг зада хабари ҷанозаи 5 нафарро доданду хоҳиш карданд, то барои интиқоли ҷасадҳо ба ватан кӯмак расонем.

Мегӯянд «камбағалро дар болои уштур ҳам мор мегазад» дуруст аст. Инро бинед, ки ҳамин қадар лифт дар Маскаву дар дунё, вале бояд ҳамон лифте ки тоҷикон савори онанду ба хотири як бурда нон саргардон шуда омадаанд канда шавад.

Амри тақдир аст, вале баъзан вақт мехоҳам фарёд занам то қалбам аз дод битаркад (((

Дертар асомаи фавтидагонро инҷо менависам.

Дуоро фаромӯш накунед


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>