Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Имтиҳони Умар ва имтиҳони Ҳамза

$
0
0

Се сол қабл миллати тоҷикро хабари марги Умари шашмоҳа такон дод. Ӯ қурбони бадбинӣ ва қонуншикании пулиси рус шуд.

Он замон интернети тоҷикзабон аз хабари марги Умаралӣ Назарови шашмоҳа дар Санкт-Петербурги Русия “таркида” буд.

Пулиси ин шаҳр Умаралии нимсоларо аз модараш бо баҳонаи набудани ҳуҷҷат ҷудо кард ва ӯ баъди чанд соат ба марг мувоҷеҳ шуд. Дертар модараш Зарина Юнусоваро аз Русия ихроҷ карданд. Бо баҳонаи камбуд дар ҳуҷҷатҳояш.

Тоҷикистониён ин ҳодисаро “чеҳраи фошизми русӣ” унвон карданд.

Ҳоло Ҳамзаи чаҳорсола дар дами марг қарор дорад. Аммо ӯ дар Санкт-Петербург не, дар деҳаи Ваҳдат аст. Ва сабаби Худо накарда фоҷеъаи ӯ метавонад фошизми тоҷикӣ шавад.

Ҳамза ба саратони ҷанин мубтало гаштааст. Ягона гуноҳи ӯ ин аст, ки дар оилаи сиёсатмадори мухолиф таваллуд шудааст: ҳанӯз 30 сол қабл аз таваллуди ӯ бобояш Муҳиддин Кабирӣ тасмим гирифт вориди сиёсат шавад.  

Бобояшро ҳам Ҳамза се сол аст, ки надидааст.  Шояд ҳатто фаромӯш кардааст, ки бобое дошт. Ягона чизе, ки ӯро бо худ машғул медорад, дарди тухмдонаш аст, ки рӯз то рӯз бузургтар мешаваду дардаш сахттар.

Мақомоти амнияти тоҷик медонанд, ки ба Ҳамза дар дохили кишвар касе кӯмак расонида наметавонад, вале намегузоранд, ки барои табобат ба хориҷа баранд. Се сол қабл ҳуҷҷатҳои онҳо мусодира шудааст.  

Чанд моҳ қабл Ҳамзаро зери назорати шадиди мақомоти амниятӣ дар Маркази миллии тиббии Душанбе ҷарроҳӣ карданд. Кӣ ва чиро ҷарроҳӣ кард, касе намедонад — ҳатто ба модараш иҷоза надоданд онҷо ҳузур дошта бошад. Баъди ду ҳафати ҷарроҳӣ ҳолӣ ӯ бадтар шуд.

Замоне ки Умар аз дасти фашистони ба марг расид, ҳама афсӯс мехӯрданд, ки натавонистанд аз фоҷеъа пешгирӣ кунанд. Ҳоло Ҳамза дар дасти фашистони тоҷик қарор дорад ва ягона роҳи наҷоташ якҷоя садо баланд кардани онҳоест, ки мутмаинанд кӯдак набояд асири бозиҳои сиёсӣ бошад.

Нависандаи шаҳири тоҷик Абдуқодири Рустам дар сафҳаи фейсбукиаш навишт: Худованд ба воситаи Ҳамза миллати Тоҷик ва давлати Тоҷикистонро имтиҳон мекунад!!! Месупорем???


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>