Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Таҳдидҳои Рӯҳониву Трамп ба ҳамдигар

$
0
0

Таниш байни Амрикову Эрон баъди тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА мабнӣ бар ба сифр расонидани содироти нафти Эрон, шиддат гирифтааст.

Ҳаман Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дирӯз, 22 июл дар ҳамоиши руасои намояндагиҳои ин кишвар дар хориҷ, ки дар Теҳрон баргузор шуд, изҳор дошт:

“Оқои Трамп, бо думи шер бозӣ накун, чун пушаймонкунандааст. Мо тангаҳои зиёде дорем ва тангаи Ҳумуз фақат яке аз онҳост. Ба миллати Эрон эъломи ҷанг мекунед ва дам аз ҳимоят мезанед? Амрикоиҳо бояд хуб бифаҳманд, ки сулҳ бо Эрон модари сулҳҳо, ва ҷанг бо Эрон модари ҷангҳост».

Доналд Трамп дар вокуниш ба ин изҳороти Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эронии худ, дар твиттераш навишт: “дигар ҳаргиз Амрикоро таҳдид накун, чун гирифтори авоқибе мешавӣ, ки камтар касе дар таърих онро таҷриба кардааст!”

Ӯ дар идома тасреҳ кардааст: “мо дигар он кишваре нестем, ки ҳарфҳои ҷунуномези шумо дар бораи ҳади хушунат ва маргро таҳаммул кунем. Мувозиб бош!”

Аммо Ғуломҳусайн Ғайбпарвар, раиси созмони Басиҷи Эрон дар бораи изҳороти ахири раисҷумҳури ИМА гуфт: «суханоне, ки Трамп алайҳи Эрон баён мекунад, ҷанги равонӣ аст. Ў ғалат мекунад, ки бихоҳад алайҳи Эрон иқдоме анҷом бидиҳад».


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>