Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

SOS! Варами тухмдони Ҳамза бо шиддат бузург мешавад (АКС)

$
0
0

Варами тухмдони Ҳамза Тиллозода дар ин се рӯзе, ки расонаҳо дар борааш сӯҳбат мекунанд, бо шиддат рушд кардааст.

Тибқи гуфтаи Мижгона Зайниддинова, модари Ҳамза мақомоти Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки ҳуҷҷатҳои ӯро омода хоҳанд кард, аммо то ҳанӯз ҳеҷ хабаре дар ин бора нарасидааст. Зоҳиран ваъдаи мақомот мисли ҳар ваъдаи дигарашон барои хомӯш кардани сарусадоҳо будааст.

Ин аксе, ки мебинед тоза ба дасти Паём расидааст ва субҳи имрӯз аксбардорӣ шудааст. Алъон он метавонад бузургтар бошад.

Инаш акси се рӯзи пеш, барои муқоиса:

Ҳамза ба саратони ҷанин гирифтор аст ва бемориаш бо шиддат буруз мекунад. Ин беморӣ метавонад ба узвҳои дигари ӯ сироят карда, Ҳамзаро аз по дароварад.

Табибони тоҷик имкони табобати ӯро надоранд ва тавсия додаанд ба хориҷ аз кишвар бурда шавад, аммо мақомот иҷоза намедиҳанд. Ҳуҷҷатҳои Мижгона ва фарзандонашро гирифтаанд ва пас намегардонанд.

Дар се рӯзи гузашта ҳазорҳо нафар ба ин қазия вокуниш карданд, аммо мақомот то ҳол коре анҷом надодаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>