6 сол қабл дар Хоруғ раиси бахши ҲНИТ дар вилояти худмухтори Бадахшони кӯҳӣ Сабзалӣ Мамадризоев кушта шуд.
Он замон Мамадризоев ҳамагӣ 32 сол дошт. Сабаби қатли ӯ суханрониаш дар тазоҳуроти 23 июли соли 2012 буд, ки алайҳи фасод ва ноадолатии иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ садо баланд кард.
“Аксари падарон ва ҳатто модарони мо дар Маскав кор мекунанд ва кӯдаконе ҳам вуҷуд доранд, ки ҳатто модари худро намешиносанд. Ташаккур ба ҳукумати Тоҷикистон, ки фарзандон модаронашонро намешиносанд. Дар куҷои дунё боз ин гуна кишвар вуҷуд дорад — фарзандон инҷо, волидайн дар Маскав? Ҳукумат парвое аз ин вазъ надорад. Ин танҳо мушкили Помир нест, мушкили кулли Тоҷикистон аст. Ҳамаи мардони Тоҷикистон, чӣ Кӯлобу чӣ Хуҷанд, дар Маскаванд. Аз ҳисоби онҳо фарзандони мансабдорон ба хориҷ барои хондан мераванд” — гуфта буд дар он суханрониаш Сабзалӣ Мамадризоев.
Тибқи маълумоти ироакардаи ҲНИТ, баъди тазоҳурот Мамадризоевро мақомоти интизомӣ боздошт карда ба маконе бо номи “Қалъа” бурданд. Дар онҷо ӯ шадидан латукӯб ва сипас тавассути мусалсали Калашников паронда шуд.
Дар як наворе ҳам, ки баъдан дар ЮТуб нашр шуд, дида мешавад, ки афсарони артиши Тоҷикистон ҷасади ӯро ба партовгоҳе мепартоянд.
“Ҳар инсон ҳатто баъди маргаш қадр дорад. Ҳатто агар ӯ ҷинояткор аст, ҳеҷ намояндаи мақомоти кишвар ҳақи чунин муносибат бо ҷасади ӯро надоштанд” — гуфта буд он вақт раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва илова кард, ки чунин амали мақомот ҳеҷ фарқе байни гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва артиши ҳукуматӣ боқӣ намегузорад.
Ҳамаи талаботи гузаронидани тафтишоти дақиқ ва холисонаи марги раиси ҲНИТ дар Бадахшон бидуни посух боқӣ монданд.
“Таҳқиқи қатли як сиёсатмадор ё узви ҳизб аз таҳқиқи қатли як ҷенерол аҳамияти камтар надорад” — гуфта буд он вақт раиси ҳизб.
Сабзалӣ Маҳмадризоев раёсати бахши ҲНИТ дар ВМКБ 17 июли соли 2011 дар конфронси ин ҳизб ба дӯш гирифта буд. Он замон ҲНИТ дар Бадахшон ҳудуди 3 ҳазор аъзо дошт.
Тазоҳуроти сокинони Хоруғ ва амалиёти махсус аз тарафи мақомоти низомӣ баъди он оғоз шуд, ки 21 июли соли 2012 дар шароити номаълуме раҳбари шӯъбаи КДАМ дар Бадахшон ҷенерол Абдулло Назаров кушта шуд.
Барои “аз байн бурдани ҷинояткорон”, ки дар марги ҷенерол Назаров муттаҳам дониста мешуданд, мақомоти низомӣ дар маркази шаҳри Хоруғ оташ кушоданд. Дар натиҷа чор нафари бегуноҳ, ки аз кӯча мегузаштанд, ҷароҳат бардоштанд.
Рӯзи дигар ҳукумат ба Хоруғ артиш ворид кард.
23 июл сокинони Бадахшон барои эътироз алайҳи бетартибиҳои мақомоти интизомиву амниятӣ дар назди шаҳрдории Хоруғ тазоҳурот карданд. Ҳукумат сокинонро ба пинҳон крадани ҷинояткорон муттаҳам кард ва соати 4-и субҳи (!) рӯзи 24 июл бо баҳонаи “аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ” ба амалиёти махсуси низомӣ оғоз намуд. .
Дар ин амалиёти низомиён 24 ҷавон, ки ҳеҷ бастагие бо кадом гурӯҳи ҷиноӣ дар вилоят надоштанд, кушта шуданд. То ҳанӯз касе барои ин куштор посух надодааст.
Тиркушоӣ аз баландӣ ба шаҳре, ки байни кӯҳҳо воқеъ гардидааст, амалан нобудсозии аҳолии муқими он аст.
Ба ҳаводиси Хоруғ репери тоҷик MC Khurshed сурудеро бахшидааст. Сурудашро ӯ аз нутқи Алёш Айёмбеков (бародари Толиб Айёмбеков, ки ба ҳаводиси Хоруғ рабти мустақим дорад) оғоз мекунад. Айёмбеков мардумро ба андеша даъват мекунад, то аз фоҷеъа пешгирӣ кунанд.
“Ҳар касе, ки беақлӣ кардаст, бояд ҷавоб диҳад. Бо ҳар кас гап мезанем. Ҳатто агар ӯ бародари ман аст, бояд барои кораш ҷавоб диҳад. Агар як кас дар сари ғазаб дашном дод, дигаре шатта зад ва саввуми силоҳ кашид — ин моро ба некӣ намебарад. Дар натиҷа ин мусибати бузурге барои Бадахшон меорад”, — гуфтааст Айёмбеков. Гуфтанист, ки ин навор соли 1994, каме пештар аз қатли Айёмбеков сабт шудааст.
Сипас каме аз суханони Сабзалӣ пахш шуда, суруди муаллиф оғоз мешавад, ки аз амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ изҳори норозигӣ мекунад. “Аз як тараф 100 нафар ва аз тарафи дигар 3000” ва дар натиҷа боиси марги бародароне шуд “дигар барнамегарданд ва чашмони онҳоро дигар дидан наметавон”.
“Кулобиву ғармиву помирӣ душман набуданд. Душман аз берун омад ва байни мо даромад… Набояд падар писарашро гӯронад ва набояд модар хуни фарзандашро бинад… Ҳаётамро мебахшам барои Помир, бигзор номи ту ҳамеша бошад, Помир” — мехонад муаллиф дар сурудаш.