Як ширкати чинӣ даъво дорад, ки Ҳасан Асадуллозода, молики Ориёнбонк ва додарарӯси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моликияти онро бо роҳи қаллобӣ азхуд кардааст.
Дар ин бора Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олиии иқтисодӣ имрӯз, 26 июл дар нишасти матбуотӣ иттило дод. Ба гуфтаи ӯ баъди ҳали худро наёфтани қазия дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе, ҷонибҳо ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти касатсионӣ бурданд ва ин додгоҳ шикояти ширкати чинии “Лен Ху А” шуруъ кардааст.
Ин ширкат иддао дорад, ки коршарикони тоҷикаш «Азия-тур» ва “Ориёнбонк” бо роҳи қаллобӣ корхонаи истихроҷи сурмаи онро, ки дар мавзеи Чойруқдарони шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) сохта шуда буд, ғасб кардаанд.
Молики ширкати “Лен Ху А” соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А аст, ки ҳамчунин раҳбарии “Маркази фарҳангии Хитой ва Тоҷикистон”-ро ба дӯш дорад. Ба гуфтаи ӯ корхонаи истихроҷи сурмаро роҳбари “Азия-тур” Каромат Содиқова бо тақаллуби чанд ҳуҷҷат ба худ ихтисос додааст. Ху А мегӯяд барои сохтани ин корхона 1 миллион доллар масраф кардааст.
Ба гуфтаи соҳибкори чинӣ, Каромат Содиқова бо як мактуби тақаллубии кафолатӣ аз номи ширкати ӯ аз “Ориёнбонк” ҳудуди як миллион сомонӣ қарз гирифтааст, ки дар натиҷа пардохти ин қард ба дӯши ширкати “Лен Ху А” афтодааст.
Ҳасан Асадуллозода бо ғасбкунии рейдерии ширкатҳо машҳур аст. Қаблан ӯ ширкатҳои ватаниро ғасб мекард. Аз ҷумлаи ғасбҳои ӯ, ки Паём дар бораашон маълумот додааст, ғасби корхонаи алюминибароии ТАлКо, ва “Соҳибкорбонк” мебошад. Асадуллозода садҳо корхонаву ширкатҳои ватаниро пурра ва ё қисман ғасб кардааст.
Баъдан Асадуллозода ба ғасби ширкатҳои хориҷӣ шурӯъ кард. Аз ҷумла ширкати мобилии “Билайн” чанде қабл ба ӯ таъаллуқ гирифт.