Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст дар корхонаҳои давлатии Тоҷикистон ислоҳот гузаронида шавад. Ин ниҳоди молиявӣ қарзи базурги ин корхонаҳоро хатаре барои иқтисоди Тоҷикистон медонад.
Дар гузориши ироакардаи Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки соли 2017 қарзи танҳо корхонаҳои бузург аз буҷа ба 315 миллион сомонӣ расидааст. Ин маблағ 0,5 дарсади маҷмӯъаи маҳсулоти дохилиро (ММД) ташкил медиҳад. Аз маълумоте, ки Кумитаи андози Тоҷикистон нашр кардааст, бармеояд, ки бузургтарин қарзро дар назди ин ниҳод “Барқи тоҷик”дорад, ки ба 101 миллион сомонӣ расидааст. “Тоҷиктелеком” бо 35 миллион ва “Ширкати алюминии Тоҷик” бо 24 миллион сомонӣ дар мавқеъи дуввуму саввум қарор доранд. Аммо, тибқи гуфзориши Бонки ҷаҳлнӣ, қарзҳои мустақими давлатӣ аз буҷа ба корхонаҳои бузург 75 миллион сомониро (0,4% ММД) ташкил додаанд. Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ мӯътақиданд, ки бо додани қарз ба корхонаҳое, ки вазъи бади молиявӣ доранд, давлат худро бо хатар мувоҷеҳ мекунад. “Ҳукумат маблағҳоеро, ки аз ниҳодҳои молиявӣ гирифтааст бо меъёри 3-6% фоиз қарз медиҳад ва ин аз арзиши қарзи тиҷоратӣ бамаротиб поинтар аст. Новобаста аз вазъи мушкили молиявӣ, ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Тоҷиктрансгаз» чунин қарзҳоро дастрас мекунанд” — омадааст дар гузориши БҶ. Бо назардошти ин, Бонки ҷаҳонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст ба ислоҳот дар корхонаҳои бузурги давлатӣ даст занад. Бо гумони ғолиб ислоҳоте, ки ин ниҳоди пулӣ ишора мекунад, хусусӣ кардани ин корхонаҳост. Аммо таҷрибаи ду даҳсолаи ахири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки қисми хеле кӯчаки корхонаҳои хусусишуда ба фаъолияташон идома додаанд. Бештари онҳоро канда чун маҳсулоти сохтмонӣ ва оҳанпора фурӯхтаанд. Дар ҳамин ҳол Бонки ҷаҳонӣ аз қарзи умумии корхонаҳои Тоҷикистон, ки наздик ба 21 миллиард сомониро ташкил медиҳанд, чизе нагуфтааст. Танҳо қарзи “Барқи тоҷик” ба беш аз 15 миллиард сомонӣ (1,6 млрд доллар) мерасад, ки баробар ба 25 дарсади ММД-и кишвар аст. Ин ширкати давлатӣ манбаъи пулшӯии чанд узви оила мебоашд, ки онро бераҳмона ғорат мекунад: Рустами Эмомалӣ бо фурӯши ғайрирасмии барқ ба Афғонистон, Ҳасан Асадуллозода бо фурӯши барқ ба Ӯзбекистон ва интиқоли маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъшуда ба ширкатҳои офшорӣ ва ғайра. Ин ширкат ҳар сол миллиардҳо сомонии давлат ва мардумро ғорат мекунад. Барои мисол тибқи аудите, ки ширкати Baker Tilly Klitou and Partners SRLдар соли 2016 гузаронида буд, зарари умумии “Барқи Тоҷик” дар ин сол 2,3 миллиард сомонӣ ($ 250 миллион) будааст. |