Ба хамватанони азиз ва дустоне, ки нисбати такдири Хамза бетараф нестанд!
Пеш аз хама миннатдории худро ба шумо хамватвнони азиз баен мекунам, барои дасгириатон. Барои ман душвор аст ин миннатдориро хуб баен кардан. Факат мегуям, ки пеши хамаи шумо сари таъзим хам мекунам , барои он, ки маро танхо нагузоштед.
Ман Рухуллох Тиллозода, писари Мухиддин Кабири ва падари Иброхим Тиллозода ( Хамза ). Барои ман хозир сиесат, даъво дар бораи чи буд, чи шуд мухим нест. Зинда мондани Хамза мухим аст. Ман рози хастам, ки даххо интервью ташкил кунанд, маро танкид кунанд ва ба каллаи ман партоянд. Бигузор касе гайри ман гунахкор набошад. Факат хохиши ман ин аст, ки ба Хамза ва модараш зудтар паспорт диханд, то мо табобатро сар кунем. Бигузор дарачаи 4 бошад, фоида хам надошта бошад. Бо духтурон ва масъулони вазорати тандурусти бахс намекунам. Факат хохиши ман ин аст, ки хуччатхояшро ба дасташон бидихед ва гусел кунед. Ба Масква , Стамбул , Олмон ва хар чои дигар, ки ин табобатхоро мекунанд. Дар ин се кишвар шароит барои кабули Хамза омода шудааст ва мунтазири расидани у хастанд. Ба ман гуфтанд, ки Хамза хушер аст, гап мезанад. Фурсат аз даст нарафтааст.
Ман ба сафорати Точикистон дар Берлин рафтам ва хохиш кардам, ки ба кудак ичозат диханд то, ки табобат ёбад. Ба даххо созмону тащкилотхои байналхалки ва клиникахо сар задаистодаем. Тамоми хонавода, дустони ман ва чандин клиника барои кабул ва табобати Хамза омодаанд. Факат паспорт лозим. Билетхо онлайни дар дах дакика ба тамоми ин шахрхо харида мешавад ва онхо рост ба фурудгох мераванд ва парвоз мекунанд. Ин кор содда аст. Ба хар чое , ки парвоз кунанд онхоро пешвоз мегиранд ва чо ба чо хоханд кард.
Ман сухбатхои видеойии падарарусамро дидам ва зану фарзандамро хам. Ба касоне, ки ин имкониятро ба онхо фарохам кардаанд рахмат мегуям. Хама чизе, ки мегуянд онхоро мефахмам. Хохиш дорам, ки ичозат диханд бо мо як бор сухбати телефони кунанд. Хамсарам, падарарусам е хар касе аз оилаи онхо бошад. Се сол боз онхо бо мо ичозати тамос надоранд. Онхо хак надоранд аз мо пул бигиранд ва мо хам дар руйхати Бонки милли хастем ва пул фиристода наметавонем. Агар бифристем, фардо онхоро барои хамкории моли бо терористон зиндони мекунанд.
Аммо, билети сафар ва хамаи харочоти моли дар берун таъмин мешавад, ташвиш нашаванд. Факат мо донем, ки кай паспортхоро ба онхо медиханд ва билетро ба кадом руз бигирем, хеле бароямон кумак мекунад.
Бисер хохиш мекунам, макомоте, ки расонахоро барои наворгири мебаранд, ва ичозати мусохаба медиханд, ба онхо ичозат диханд, ки нотарсида аз телефон истифода кунанд, ба хешу таборашон дар хорич тамос гиранд, бо онхое, ки дар руйхати терористи нестанд. Модоме, ки дар радиои ‘’Озоди’’ сухбат кардан ичозат аст, бо хорич сухбат кардан хам ичозат бояд бошад. Бигузор гуш кунанд ва дар назди макомот сухбат кунанд бо овози баланд. Ин хама барои осонтар кардани кумакрасони ба Хамза аст, на чизи дигар.
Бисер мехостам донам, ки боз чи кор кардан даркор аст, ки бояд анчом дихем ва зудтар онхо харакат кунанд. Санаде, коре е хар чизи дигар. Бисер метарсам, ки дар лахзаи охир кадом санад е мухр е чизи дигар камбуд набошад, ки бахонаи кафо партофтани сафари онхо шавад. Барои Хамзаи ман хар соат зиндаги аст. Ман хама вакт дар хати фейсбук хастам ва раками ватсапи ман +4915756162670 (+381611868897) аст. Аз Мижгона, падарарусам, бародари Мижгона хохиш мекунам акалан ягон бор тамос бигиранд ва ман бовар дорам, ки макомот инро хамчун кумак ба Хамза хисоб мекунанд, на хамчун чиноят. Е ракаме бидиханд ки мо занг занем. Факат ноумед нашаванд, талош кунанд ва иншоаллох , Худованд кумакамон мекунад, рахми моро мехурад.
Иншоаллох, Хамза зинда мемонад.
Бо эхтиром
Рухуллох
Аз саҳифаи фейсбуки Руҳуллоҳ Тиллозода