Бар асоси қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, аз ин пас шаҳрвандон дигар ҳақ надоранд дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо хонаҳои аз панҷошёна камтар бино кунанд. Тибқи қароре, 21-уми июн қабул шуд, аз ин пас дар маҳаллаҳои марказӣ, кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бояд хонаҳо на камтар аз 5 табақа дошта бошанд.
Дар Тоҷикистон хусусан дар Душанбе теъдоди биноҳои истиқоматӣ солона меафзояд, вале бештари мардум тавони харидани хонаро надоранд.
Мақомот сабаби қабули чунин қарорро “рушди шаҳрсозӣ ва камбуди замин” шарҳ додаанд. Дар ин қарор омадааст, ки мақомоти расмӣ ва меъморон ба барномаҳои шаҳрсозӣ тағйирот ворид намоянд ва нагузоранд заминҳои кишт барои хонасозӣ истифода шаванд..
Мувофиқи ин қарор агар шумо дар маркази шаҳр ё ноҳияе замин доред, аз ин пас ҳақ надоред дар он хонаи як то чаҳорқабата бино намоед.
Пештар мақомоти Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дода буданд, ки боми хонаҳои мардумро якранг кунанд. Тибқи ин дастур роҳбарони маҳаллаҳо як рангро интихоб мекунанд ва мардум бояд боми хонаҳои худро бо ранги интихобнамудаи онҳо бипушонанд.
Ба андешаи мақомот, ранги хокистарии шифер бенур ва зишт аст, ва истифода аз шифер зебогии шаҳрро коста мегардонад.
Зиёда аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва манзилҳои аксарашон бо шифер пушонида шудааст ва тавони хариди бомпушҳои тунукагиро надоранд.
Дастури якранг созии бомҳои мардум дар ҳолест, ки бо бад шудани шароити кор дар Русия аксари мардуми кишвар, аз бепули ранҷ мебаранд ва бисёриҳо шароити хурдани хуроки боғизоро надоранд, куҷо расад ба иваз кардани бомпушҳои хонаҳояшон.