Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

454 ҷинояткори бидуни ҷиноят

$
0
0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон дар нишасти матбуотии имрӯз 30-юми июл иттилоъ дод, ки аз аввали соли равон то имруз 9 гуруҳи ҷиноятӣ ва 37 нафар аъзоёнаш ошкор ва аз ҷониби кормандони милиса боздошт карда шудааст. Ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ, ин афрод дар содир кардани 46 ҷиноят гунаҳгор дониста мешаванд.

Инчунин, “399 ҷинояти хусусияти экстремистӣ ва 139 ҷинояти хусусияти террористидошта ба қайд гирифта шудааст,” гуфт Раҳимзода.

Тибқи маълумотҳои ироа намудаи вазир 454 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби кормандони мақомот ошкор ва боздошт гардида, пеши роҳи содиршавии зиёда аз 600 ҷинояти дигар гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки то куштори сайёҳон дар Данғара ягон ҷинояти хусусияти террористидошта расонаӣ нашудааст. 

Рамазон Раҳимзода хабар дод, ки 29 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ошкор гардид ва 17 нафар ҳамчун гумонбар дар ин ҷиноятҳо боздошт гардидааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, содиршавии ду амали террористӣ аз ҷониби кормандони мақомот дар ноҳияи Вахш ва Шаҳритус ошкор ва  пешгирӣ карда шудааст.

Тибқи ин нишондодҳо, Тоҷикистон доройи қудратмандтарин кумитайи амният ва пешрафтатарин таҷҳизотҳои амниятӣ аст, ки тамоми амалҳои террористиро ошкор ва пешгири намуда,садҳо ва ҳазорҳо ҷинояткорро дастгир ва куштаю нобуд месозад.

Раҳимзода ҳамчунин гуфт, пайвастани шаҳрвандон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва иштироки онҳо дар ҷангҳои давлатҳои  хориҷӣ назар ба солҳои гузашта хеле коҳиш ёфтааст. Мувофиқи гуфтаҳои вазири дохила, аз аввали соли ҷорӣ 372 нафарро муайян кардаанд, ки барои иштирок дар задухӯрдҳои кишварҳои хориҷӣ сафар намудаанд. Аз ин теъдод ҳудуди 100 нафари онҳо боздошт шуда, равонаи зиндон шудааст.

Ин маълумотҳои вазир дар ҳолеанд, ки садҳо шаҳрванди  ихроҷшудаи кишварамон аз Русия, барйи кор ба Туркия сафар намудаанд ва бидуни ҳеҷ ҷурме дар руйхати сиёҳи КДАМ афтодаанд ва аз бозгашташтан ба ватанашон дар ҳаросанд.

Тибқи одати маъмул, Раҳимзода аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёдовар шуда ва гуфт, дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 30 нафар аз аъзоёни Ҳизби террористии наҳзати исломӣ ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин, “47 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар натиҷаи фаҳмондадиҳиӣ аз задухурдҳои кишварҳои хориҷӣ баргардонида шуданд”, илова намуд ӯ.

Ба ақидаи Рамазон Раҳимзода, яке аз омилҳои пайвастани ҷавонон ба сафи гуруҳҳойи террористӣ ва иштирокашон дар ҷангҳои хориҷӣ, ин таҳсили динӣ дар кишварҳои хориҷа аст, вале омор нишон медиҳад, ки аксари шаҳрвандоне, ки ба сафи гуруҳҳои террористи пайвастаанд ва дар задухӯрдҳои кишварҳои хориҷи иштирок мекунанд, муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд .

Дар охир Раҳимзода ишора намуд, ки феълан дар хориҷ аз кишвар 357 нафар ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғуланд вабаройи баргардонидани онҳо бо падару модарашон корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад, вале дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксарияти ҷавонон аз онҷо ба ҷангҳои хориҷӣ сафарбар мешаванд, чизе нагуфт.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>