Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ДОИШ навори байъати ҳамлагарони Данғараро нашр кард

$
0
0

Гурӯҳи ДОИШ навореро нашр кардааст, ки дар он 5 ҷавони тоҷик зери парчами он ба раҳбари ин гурӯҳ Абӯбакри Бағдодӣ байъат мекунанд. Ин ҷавонон ба онҳое, ки аз тарафи ВКД кушта шудаанд ва ин вазорат акси онҳоро нашр кардааст, бисёр шабоҳат доранд.

Хабаргузории CBS News аксеро аз ин навор нашр кардааст, аммо аз овардани худи наовр худдорь кардааст. Аммо навор дар Твиттер пайдо шуд, ки онро нафаре бо номи Mr. Revinsky нашр кардааст. Дар навор яке аз ин панҷ нафар, ки бо эҳтимоли зиёд Ҳусейн Абдусаломов аст бо забони русӣ сӯҳбат мекунад. Ӯ мегӯяд “мо мехоҳем аз Тоҷикистон, Мовароуннаҳр, ки ба дасти куффор забт шудааст, байъати худро ба Абӯбакри бағдодӣ эълон кунем”.

Қаблан ДОИШ ҳамла ба сайёҳон дар Данғараро ба дӯш гирифта буд, аммо мақомоти Тоҷикистон онро нодида гирифтанд ва Ҳизби наҳзати исломиро дар ин ҳамла гунаҳгор донистанд.

Дар аксҳое, ки ВКД нашр кардааст, дар бадани кушташудагон асари шиканҷаи кӯҳна дида мешавад, ки суолоти зиёдӣ корбарони интернетро барангехтааст.

Ба зудӣ таҳқиқоти Паём дар ин маврид нашр хоҳад шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>