Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Фасодзадатаринҳо боз маорифу тандурустӣ

$
0
0

Сулаймон Султонзод, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  дар нишасти хабарии рӯзи 1-уми август, фасодзадатарин ниҳодҳои Тоҷикистонро номбар кард.

Тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи Султонзода, аз аввали солли ҷорӣ то кунун дар соҳаи тандурустӣ 66 ҷиноят, дар кумитаи давлатии заминсози 64 ҷиноят ва дар сохторҳои Вазорати маориф 63 ҷинояти коррупсионӣ ошкор гардидааст.

Ба гуфтаи Директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, фасод дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ 158 ҷинояти коррупсиони ошкор шудааст, ки дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли гузашта 14 адад бештар мебошад.

Аммо коршиносон мегӯянд чунин хулосагирӣ ва фасодзадатарин ниҳодҳо хондани соҳаҳои маорифу тандурустӣ чандон саҳеҳ нест. Чун маъмулан дар Тоҷикистон “моҳиҳои хурд”-ро шикор мекунанд. Ҳамчунин кормандони ниҳодҳои интизомиву тафтишотӣ аз ифшои ҳамдигар парҳез мекунанд.

Дар асл тибқи гуфтаи коршиносон фасод дар мақомоти интизомиву тафтишотӣ ба аз дигар соҳаҳо бештар асту камтар не.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>