Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Коршиносони ҳолландӣ давлати Тоҷикистонро ба нашри ахбори дурӯғ муттаҳам карданд

$
0
0

Коршиносони ҳолландӣ дар умури шинохти терроризм, гурӯҳҳои террористӣ ва Осиёи Миёна ва ба вижа тоҷикистоншинос иттиҳоми давлати Тоҷикистонро дар мавриди даст доштани Наҳзати исломии Тоҷикистон ва давлати Эрон дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ комилан рад карданд.

Гузориши соати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ аз шабакаи телевизионии 2-и Ҳоланд дар ин маврид ба нашр расид. Дар зимн рӯзномаи машҳури AD-и ҳолландӣ гузориши муфассал имрӯз ба нашр расонид, ки мақомоти тоҷикро ба нашри ахбори ғайривоқеъӣ ва баҳонаҷуӣ дар саркӯби мухолифини сиёсии хеш, ба хусус Наҳзати исломӣ, муттаҳам кардаанд.

Онҳо зимомдорони Тоҷикистонро фосид, ва султаи оилавӣ хонда, омили рушди ифротгароии динӣ медонанд. Коршиносони ҳолландӣ ба гунаи мисол аз писари сивуяксолаи Эмомалӣ Раҳмон — Рустами Эмомалӣ гуфтанд, ки ҷенероли пурқудрат аст ва ҳанӯз ба сисолагӣ нарасида буд, ки масъули идораи зидди фасоди Тоҷикистон буд ва ҳоло шаҳрдори пойтахти кишвар аст.

Ду шаҳрванди Ҳолланд дар ҳодисаи Данғара ҳузур доштанд, ки яке кушта ва дигаре захмӣ шуд. Равоншиноси 56-сола аз Ҳолланд Рене Вокке ҳамроҳ бо шарики худ Ким Постмаи 58-сола ба Тоҷикистон Тайиланд омада буданд ва қасди Эронро доштанд. Вокке ҳамроҳ бо Постма бо дучарха сафарҳои зиёд намуда, дар беш аз 130 кишвар будааст. Дар ҳамла Вокке кушта ва Постма маҷрӯҳ гардид.

Коршиноси Осиёи Миёна ва тоҷикистоншиноси белгиёӣ Bruno de Cordier аз донишгоҳ Gent-и Белгиё низ дидгоҳи коршиносони ҳолландиро тасдиқ карда, илова мекунад Эмомалӣ Раҳмон ва як ҳалқаи хоси худаш ғарқ дар фасоди молӣ аст, ки шаҳрвандон оддии Тоҷикистон аз ин ҳолат сахт ба сутӯҳ омадаанд. Ӯ мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон бо тарс аз хезишҳои мардумӣ, барои саркӯбӣ аз ҳар василаи ғайриқонунӣ ҳатто зиддиинсонӣ истифода мекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>