Ба назар мерасад мақомоти Тоҷикистон аз таъқиби мухолифин дар хориҷ дастбардор нест ва гузинаҳои дигаре ҷуз пулиси байналмиллалӣ ҳам дорад.
Чанде қабл сухангӯи тозатаъини ҲНИТ Бобоҷон Қаюмов дар Чехия барои чанд рӯз боздошт шуд. Ӯ мегӯяд ин боздошт бо дархости Интерпол набуда, тибқи кадом шартномаи байнидавлатӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Паём мусоҳибаи орост бо Бобоҷон Қаюмов дар ин мавзӯъ.
— Шуморо дар Чехия кай ва барои чӣ боздошт карданд?
— Вақте аз конфронси Дортмунд бармегаштам дар марзи Чехия ҳангоми убури он, автобуси моро боз доштанд ва ҳуҷатҳои моро тафтиш карданд. Тафтиши ҳуҷҷатҳои ман хеле тӯл кашид. Ин соати 12:30 дақиқаи шаби 20 уми июл буд.
Баъди тафтиши зиёд пулис аз ман хост ҳама чизамро гирифта, аз автобус фароям. Ман ҳам фаромадам. Ман аз онҳо ҳарчӣ пурсидам, ки чи хабар шудааст ва барои чӣ маро боздошт кардаанд, ҷавоб надоданд. Маро ба мошини полис савор карданд ва ба наздиктарин шӯъбаи пулис бурданд. Ҳамаи васоиламро гирифтанд ва ба ман як рахти хоб доданд ва гуфтанд дар ҳамон бино хоб кунам. Дар ҳоле, ки онҷо утоқ барои боздоштшудаҳо ҳам буд, вале намедонам чаро, маро дар он утоқ ҷо накарданд. Балки дар як гушаи бино ҷо карданд ва ду нафар полисро болои сарам гузоштанд, ки чанд муддат пас онҳо иваз мешуданд. Ҳарчӣ мепурсидам маро барои чӣ боздошт кардед касе ҷавоби аниқ намедод.
Вақте субҳ шуд, аз ман хостанд ба варақае имзо гузорам то маро ба ҷои дигар интиқол диҳанд. Ман гуфтам аввал ба ман иҷозат диҳед ман занг занам ва адвокат бигирам, он гоҳ имзо мекунам. Вагарна ман ба чизе имзо намекунам. Аммо баъди чанд муддат маро ба ҷои дигаре интиқол доданд, ки шӯъбаи полиси шаҳри Брно будааст.
Онҷо ҳам хеле мунтазир шудем ва тақрибан соатҳои 15 буд, ки маро барои сӯҳбат бурданд. Пурсидам маро барои чӣ боздошт кардаед? Ман паноҳандагии кишвари Литваро дорам ва ҳама ҳуҷатҳоям дуруст аст. Онҳо гуфтанд вуруди шумо ба кишвари мо манъ аст. Тарҷумон ба ман гуфт инҷо шумо “персона нон грата” ҳастед.
Полис ҳам гуфт бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ва бар асоси кадом як қарордоде вуруди ман ба Чехия манъ будааст.
— Дар умум чанд муддат дар боздошгоҳ мондед?
— Як рӯз фақат дар боздоштгоҳ будам. Вақте намояндаи Вазорати хориҷаи Чехия омад ва бо ман суҳбат карду дар бораи ман маълумот гирифтанд, маро бегоҳи ҳамон рӯз раҳо карданд.
Вақте бо ман дар бораи ин масъала суҳбат карданд аз ман пурсиданд, ки оё медонистам, ки ба кишвари онҳо мамнуъул-вуруд ҳастам? Гуфтам фаъолиятам расонаӣ аст ва аз кишваре мисли Чехия ҳаргиз бовар надоштам, ки нисбат ба рӯзноманигор ин гуна муносибат кунад. Бо вуҷуди ин, агар медонистам вориди кишвари шумо намешудам.
Онҳо хеле боэҳтиромона ба ман гуфтанд, ки метавонам як ҳафта дар кишварашон гаштугузор намоям ва баъд аз он кишварашонро тарк кунам. Аммо ҳатман ба вазорати хориҷаи онҳо муроҷиат кунам то қазия ҳал шавад. Ҳуҷатҳоямро доданд ва маро ҷавоб доданд.
— «Персона нон грата» мафҳуми навест дар қиболи мухолифини тоҷик, ки қаблан шунида нашудааст. Оё ин таҳрим танҳо барои шумо будааст ё ҳамаи мухолифини давлати Тоҷикистон?
— Ин мафҳумро вақте аз забони мутарҷим шунидам барои ман ҳам хеле аҷиб буд. Аммо намедонам ин мафҳум танҳо барои ман ба кор рафтааст ё барои дигар мухолифон ҳам аз он кор гирифта шудааст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба шинохте, ки аз ин ҳукумат дорем фикр намекунам ин танҳо барои ман бошад. Шояд барои дигарон ҳам аз ин мафҳум истифода карда бошанд. Аммо кишварҳои дигар ба ин дархостҳои онҳо чигуна посух медиҳанд маълум нест. Вале маълум аст, ки кишварҳои Аврупоӣ ба осонӣ таслими хостаҳои ҳукуматҳои худкома намешаванд.
Аз тарафи дигар чунин амалкарди ҳукумат бар зарари худи онҳост. Зеро вақте чунин парвандаҳо дар кишварҳои аврупоӣ баррасӣ мешаванд, онҳо моҳияти диктатурии ҳукуматро бештар дарк мекунанд ва дар оянда дар муносибатҳояшон эҳтиёт хоҳанд кард.
— Суоли аслии онҳо чӣ буд?
— Аз ман пурсиданд, ки чикора ҳастам, гуфтам ман рӯзноманигорам ва ба ҷуз сафҳакалиди компютер ягон чизи дигар барои мубориза надоштаму надорам. Саволи дигари онҳо ҳам ин буд, ки оё ман узви ягон ҳизби сиёсӣ ҳастам? Ман ҷавоб додам бале узви ҲНИТ ҳастам. Онҳо ҳам дар интернет ҷустуҷӯ мекарданд. Лаҳни суҳбати онҳо бо ман тағйир карда буд ва хеле боэҳтиромона суҳбат мекарданд. Дигар аз он дағалие, ки ҳангоми боздошт вуҷуд дошт хабаре набуд.
— Оё онҳо дар бораи ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз шумо чизе пурсиданд?
— Бале, пас аз каме суҳбат онҳо аз ман пурсиданд, ки ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна ҳукуматест? Ман ҳам кӯтоҳ ҷавоб додам ҳукумате, ки як нафар 26 сол роҳбарии онро бар дӯш дошта бошаду писараш раиси пойтахти кишвар, духтараш раиси дастгоҳт раисҷумҳур, домодаш муовини раиси Бонки миллӣ, бародархонумаш раиси калонтарин бонки кишвар чӣ гуна ҳукумате метавонад бошад?
— Оё боздошти шумо бо дархости Интерпол будааст ё бар асоси ягон тавофуқи дигар?
— Онҳо исме аз Интерпол набурданд. Ба ман гуфтанд ин бар асоси кадом тавофуқи байни кишварҳост. Аммо гуфтанд ман метавонам барои рафъи ин масъала ба вазорати хориҷаи ин кишвар муроҷиат кунам. Баъд аз муроҷиати ман ин масала метавонад ҳал шавад.
— Оё шумо барои рафъи ин масала иқдоме анҷом додед?
— Бале қазияро ба масъулини вазорати хориҷаи кишвари Литва расонидем. Дар зимн бо адвокат ҳам суҳбат кардем ва дар ҳоли пайгирии он ҳастем. Умедворем ба зудӣ ин иттиҳом бартараф шавад.