Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Мирзиёев: Байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳеҷ масъалаи ҳалношуда боқӣ намонд

$
0
0

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни баромадаш дар ҷашни “Шоми дӯстӣ”, ба муносибати ташрифи меҳмонон аз Тоҷикистон ва аввалин сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ташкил шуда буд, гуфт байни ду кишвар ҳеҷ масъалаи ҳалношуда боқӣ намондааст.

“Мехоҳам содиқона бароятон бигӯям, ки имрӯз рӯзи пурҳосиле буд ва чӣ дар доираи хурду чӣ бузург ҳамаи масоил баррасӣ шуданд. Агар шумо аз мо — ду раисҷумҳур бипурсед, ки “оё масъалаи ҳалношудае боқӣ монд?”, ман бо ифтихору итминон ва хушҳолӣ мегӯям, ки на, байни мо ҳеҷ масъалаи ҳалношудае боқӣ намонд”.

Ӯ ҳамчунин гуфт “якуним сол қабл касе бовра намекард, ки чунин коре имконпазир аст, аммо итминони ду раисҷумҳур ва итминони мардуми ду кишвари дӯсту бародар имкон дод дар ин муддати кӯтоҳ ин қадар корҳои бузург анҷом шаванд”.

Дар ин ҳамоиш Шавкат Мирзиёев суханрониашро бо забонӣ тоҷикӣ оғоз кард ва гуфт:  

«Ассалому алейкум, дӯстони азиз, бародарони тоҷик ва меҳмонони олиқадр. Иҷозат диҳед ба шумо ва дар симои шумоён ба халқи бародари Тоҷикистон аз номи худам ва халқи бародари Ӯзбекистон ҳурмату эҳтиром изҳор намоям. Хуш омадед ба замини Ӯзбекистон!»

Ҳайати расмии Тоҷикистон дар раъси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он намояндагони бизнес ҳам шомиланд, бо сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор доранд. Ин сафар ду рӯз — 17 ва 18 август идома хоҳад кард.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>