Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар Тоҷикистон бори аввал маҳбуси сиёсӣ аз толори додгоҳ озод шуд

$
0
0

Фишори ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳуқуқии байналмилал боис шуд аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон як маҳбуси сиёсӣ дар зинаи дуввуми додгоҳ аз толори додгоҳ озод шавад.

Рӯзноманигори шинохта ва раҳбари тими КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов баъди як номаш ба номи раисҷумҳур боздошт ва бо ҳукуми додгоҳи

шаҳри Хуҷанд ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, имрӯз, 22 август аз толори додгоҳ озод карда шуд. Ҳоло ӯ дар хонааш қарор дорад. Наздикони Хайрулло ин ҳукми додгоҳро бо ашки шодӣ истиқбол карданд ва аз тамоми онҳое, ки дар озодии ӯ саҳм доштанд, изҳори сипос намуданд.

Додгоҳи кассатсионӣ Хайрулло Мирсаидовро барои исрофи пули давлат ва додани шаҳодати дурӯғ ба маблағи 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (73 ҳазор сомонӣ) ҷарима ва ба ду соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Аммо азбаски Мирсаидов аз наздик ба 9 моҳ боз дар боздоштгоҳ қарор дошт, фақат пардохти ҷарима дар дӯши ӯ боқӣ мемонад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон,  8 моҳи ҳабс ба ду соли корҳои ислоҳӣ баробар аст.

Сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва фаъолони ҷосмеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳукми Мирсаидовро ноодилона хонда, аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд ин ҳукм бозбинӣ шавад. Дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Осиёи Марказӣ низ аз ҳукми Мирсаидов изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, «ҳукми хеле сахт ва ошкоро номуносиб алайҳи Хайрулло Мирсаидов аломати дигари вазъи рӯз то рӯз вазнини озодии баён дар Тоҷикистон аст.”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонони сиёсии Тоҷикистон низ озоддии Хайрулло Мирсаидовро дар авлавияти фаъолиятҳои худ қарор дод ва флешмоби густардаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ кард.

Рӯзи 13 август 12 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ дар як муроҷиатномаи муштарак хостори раҳоии билофосила ва бидуни қайду шарти Хайрулло Мирсаидов шуданд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>