Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Мақомот сабти навори мулло Айёмиддинро дар бозорҳо тақсим мекунанд

$
0
0

Вазорати корҳои дохила дар таблиғи филми сабт кардааш “Бозгашт аз ҷаҳаннам” бо ширкати узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Айёмиддин Сатторов аз тамоми васоил истифода мебарад.

Бояд гуфт ВКД ин филмро ба чаҳор забони дигар — англисӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ тарҷума кардааст ва қаблан дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намуда буд.

Ин филми нимсоата, мисли филмҳои қаблӣ аз он ҳиқоя мекунад, ки ҲНИТ бо чӣ корҳо машғул аст ва аз куҷо пул пайдо мекунад. Сатторов ҳам мисли баромадкунандаҳои қаблӣ ҲНИТ-ро ба қабул кардани мазҳаби шиъа муттаҳам мекунад.

Баъди он ки ин филмро дар тамоми шабакаҳои телевизионии давлатӣ намоиш доданд, мардумро маҷбур карданд қабл аз намози иди Қурбон низ онро тамошо кунанд. Намози ид соати 6 субҳ эълон шуда буд, аммо дар тамоми масоҷид телевизорҳо гузошта ин филмро ба намоиш гузоштанд.

Ин филм дар тамоми идораҳои давлатӣ — сар аз мақомоти иҷроияву ниҳодҳои давлатӣ то идораҳои маорифу беморхонаҳо намоиш дода шуда, дар аксари ҳолат як шореҳ низ ҳузур дошт, ки суханҳо Айёмиддин Сатторовро ба ҳозирин шарҳ медод.

Дар тамоми нашрияҳо ва сойтҳои мақомоти давлатӣ садҳо “вокуниши меҳнаткашон” ба ин филм ба нашр расидааст.  

Ҳоло кормандони ВКД ва КДАМ ба тақсими дискҳои ин навор дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии кишвар машғуланд. Маълум нест масрафи ин таблиғот аз кадом ҳисоб фароҳам шудааст.  

Ҳадаф аз паҳнкунии ин навор зоҳиран ин аст, ки КДАМ ва ВКД тавонанд ҳисобот диҳанд — миллионҳо намозхон дар саросари кишвар ва ҳазорҳо нафари дигар, ки дискҳоро дарёфт кардаанд, медонанд, ки ҲНИТ чӣ қадар “бад аст” ва “Пешвои миллат” чӣ қадар “хубу ғамхор”.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>