Хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон — “Ховар” Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба тиҷорати минбар муттаҳам кард ва таҳдид намуд, ки дар сурати роҳ ёфтани аъзои ҲНИТ ба нишасти моҳи сентябри он, дафтари ин созмон дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд.
“Ба назар мерасад, ки САҲА ба ташкилоти тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Акнун он аз рӯи субсидия (ёрии моддӣ) фаъолият мекунад. ТТЭ ҲНИ дорои захираҳои кофӣ мебошад. Манбаъҳояш ба ҳамагон маълуманд. Аз ин рӯ, фаъолони ин ташкилоти экстремистию террористӣ оромона дар конфронсҳои САҲА сабти ном мешаванд” — омадааст дар мақолаи “Ховар”, ки зераш нафаре бо номи Юрий Макеев имзо гузоштааст.
“Ховар” боз ба ҳамон “далел”-ҳои кӯҳнааш дар бораи ин ки гӯё ҲНИТ-ро дар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай террористӣ эълон кардаанд бармегардад ва изҳори ҳайрат мекунад. ки чаро САҲА ба “террористон” минбар медиҳад. Аммо дар асл ҳеҷ як аз кишварҳои узви СҲШ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро расман террористӣ эътироф насохтаанд ва ҳеҷ нафарро дар иртибот бо ин ки узви ҲНИТ аст боздошт ё истирдод накардаанд.
Ин рӯйхатро худи “Ховар” шарҳ медиҳад, аммо нопурра: “Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст”.
Дар асл, тибқи оиннома, ба ин феҳрист ҳар гурӯҳ ва нафаре, ки яке аз давлатҳои узви созмон пешниҳод мекунад, новобаста аз он ки он гурӯҳ ё шахс дар кишварҳои дигари узв терроистӣ эътирф шудаанд ё на.
Хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон шикоят мекунад, ки “тайи як соле, ки аз рӯзи баргузории чунин конфронси қаблии САҲА сипарӣ гардид, дар ВАО як зумра маводҳо нашр ва якчанд филмҳои ҳуҷҷатӣ («Решаҳои ноаён», «Теракт-1996», «Садоқати разолатпуш», «Хиёнаткор Абу Усома Норакӣ-узви фаъоли ТТЭ ҲНИ», «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва ғайраҳо) намоиш дода шуданд, ки дар онҳо иштирокдорон ва шоҳидони бевоситаи ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ дар бораи корҳои анҷомдодаашон нақл карда, гуноҳи аъзои онро тасдиқ менамоянд” — аммо САҲА онро ба назар намегирад.
“Ховар” САҲА-ро инчунин ба тахрибкорӣ муттаҳам намуда мегӯяд “мисолҳои зиёди фаъолияти тахрибкоронаи САҲА дар давлатҳои алоҳидаи пасошӯравӣ ва манотиқи даргир маълуманд”.
Инчунин хотиррасон мекунад, ки “пас аз он ки ДИДҲБ-и САҲА ба ҷаласаи худ дар Варшава ҷоннибдорони ТТЭ ҲНИ-ро роҳ дод, паст бурдани ваколат ва мақоми ин ташкилот — аз Бюро (Дафтар) то ба Намояндагии барномавӣ дар Тоҷикистон – тадбири қонунӣ, ҷавобӣ ва мутаносиб буд. Ҳамин тариқ, фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардида, идораҳои он дар Рашт , Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Шаҳритус баста шуданд”.
Дар охир хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон таҳдид мекунад, ки “имрӯз, вақте ки вазъ бо ТТЭ ҲНИ метавонад такрор ёбад – эҳтимолияти ниҳоятан баста шудани Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон барои фаъолияти он тадбири кофӣ ва мутаносиб хоҳад буд”.
Нишасти ДИДҲБ-и САҲА 10-уми сентябр оғоз шуда як ҳафта давом хоҳад кард. Соли 2016 намояндагони давлати Тоҷикистон ба фишори мухолифине. ки дар ин нишаст ширкат доштанд тоб наоварда, онро оҷилан тарк намуданд ва дар нишасти соли 2017 аз ширкат дар он худдорӣ карданд.
Қарор буд имсол намояндагони расмии Тоҷикистон дар нишаст ширкат кунанд, аммо ба назар мерасад даъвати мухолифин ба нишаст онҳоро водор ба ивази тасмимашон хоҳад кард.