Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Либоси миллӣ”-и ҳукумати ғайримиллӣ

$
0
0

7 сол қабл, вақте ҳукумати Тоҷикистон бо ниқоб ва ҳиҷоби сиёҳ ҷанг эълон кард, як рӯҳонии маъруфи кишвар гуфта буд “ин ҳукумат на бо ранг коре надорад ва на бо либос. Мушкили аслии инҳо ислом аст, ки чашми диданаш надоранд”.

Ин гуфтаҳо чун бо гузашти чизе бештар аз якуним сол аз Соли бузургдошти Имоми Аъзам садо дода буд, аксарият онро чун мавқеъи сиёсӣ қаламдод карданд. Ҷанги ҳукумат бо ришу ҳиҷоб низ, ки бо баҳонаи “баргардонидани либоси миллӣ” роҳандозӣ шуд, бинобар бовари аксарият бар ин ки либоси миллӣ аз ҳиҷоби исломӣ фарқи чандоне надорад, бо хомӯшии мардум ва пирӯзии мақомот тамом шуд. Инак аз сари занон кандани сатр ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон касеро ба таъаҷҷуб намеоварад.

Ба эътирози занон, ки магар модару бибиҳои мо рӯймоли калон намебастанд, мақомот посух медоданд, ки онҳо рӯймолашонро аз паси гардан мебастанд. Ин ҳам таҳаммул шуд.

Аммо инак бастани ҳатто рӯймоли кӯчаке бар сар ва пӯшидани эзор низ ба занон манъ мешавад. Ду хабари охир нашршуда ҳокӣ аз он аст, ки дигар донишҷӯёне, ки рӯймол бар сар ё эзор бар тан доранд, ба донишгоҳҳо роҳ намедиҳанд.

Тибқи гузориши сойти “Ахбор”, Мирзобек Шарипов, як декани Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамроҳ бо чанже аз намояндагони вазорати маориф синфхона ба синфхона гашта, ба духтароне, ки дар сар рӯймол ва дар тан либоси тоҷикӣ доштанд, ҳушдор додааст, ки ё либоси аврупоӣ бипӯшанд ва ё аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд шуд. «Инҷо шаҳр аст, на қишлоқ. Мисли кампирҳои 70-сола эзор пӯшидаед,”- таъна задааст декан ба духтарони донишҷӯ.

Имрӯз рӯзноманигори тоҷик Бобоҷони Шафеъ аз чунин иқдоме дар Донишгоҳи тиббӣ хабар додааст.

“Барои ҳар касе номусу нанги миллӣ дорад, дидани ин саҳнаҳо шармандаовар аст. Аммо чӣ бигум, ки паси пардаи таблиғи либоси миллии мо пӯшиши урён будааст ва на аз ин беш”, — навиштааст ӯ.

Тибқи гуфтаи ӯ ҷанги мақомоти ин Донишгоҳ аллакай на зидди ҳиҷоб, балки зидди эзору рӯймол аст: “Ман 45 дақиқа он ҷо будам, кор доштам. Ҳатто худамро, ки ҳамроҳашон баҳс кардам, нагузоштанд ворид шавам. Дар ин 45 дақиқа ягон ҳиҷобпӯшро надидам, на миёни занон ва на духтарон. Ҳамин қадар, ки дар сар румолаке баъзеҳо доштанд. На, роҳ наёфтанд. Ва фоҷеабортар аз ҳама: ДУ ТАРАФИ ДАРИ ДАРОМАДИ ИН БОРГОҲИ ДОНИШ БА ИСТИЛОҲ БА РАЗДЕВАЛКА ТАБДИЛ ШУД!!!! Духтарон ночор мерафтанд ва аз сумка хилъат берун меоварданд, мепӯшиданд, то андони либоси миллиашон пинҳон шавад ва рӯмолакро бо сарпӯши сафеди тиббӣ иваз мекарданд ва дохил мешуданд. Юбкадорону шимпӯшон монеъае надоштанд ва озод ворид мешуданд. Ҳар бало ба сари миллипӯшон буд. Надонистам, ки ман дар Тоҷикистонам ё дар кадом кишвари аҷнабӣ”.

Мубориза алайҳи ҳиҷоб ҳам аз донишгоҳҳо шурӯъ шуда буд. Шиори мақомот ҳам ин буд, ки бояд ба фарҳанги миллӣ аҷр гузошта шавад. Ҳоло донишҷӯёнро аз пӯшидани рӯймолу эзор ҳам манъ мекунанд ва дигар ҳарфе дар донишгоҳҳо аз фарҳанги миллӣ нест. Миллипӯшонро ба қафомондагиву “кампир будан” таъна мезананд. Метавон бидуни шубҳае пешбинӣ кард, ки соле пас пулиси Тоҷикистон дар кӯчаҳо ба эзори занону модарони тоҷик кор хоҳад гирифт.

Ҳоло садои эътирози онҳое ҳам шунида мешавад, ки қаблан аз ҳукумат дар “бозгашт ба фарҳанги миллӣ” ва мубориза алайҳи “ҳиҷоби эрониву арабӣ” дастгирӣ мекарданд. Ба назар мерасад онҳо ҳам дарк кардаанд, ки ҳукумат коре ба фарҳанги миллӣ надорад ва ҳадафаш танҳо мубориза бо суннтаҳои исломист, ҳатто суннатҳое, ки куллан ба суннатҳои миллӣ табдил шудаанд.

Аз “пешрафт”-ҳои Ғарб ҳам, ки мақомот мехоҳанд ба он даст ёбанд ва норозиёнро ба ақабмондагӣ муттаҳам мекунанд, танҳо либос ва консерт аст, ки бо шиддат пайгирӣ мешавад. Аз демокросиюни ғарбӣ танҳо ҳамин тарафаш қобили қабул дониста шудааст ва аз рушди иқтисодиву озодиҳои инсонӣ дар кишварҳои пешрафта чашмпӯшӣ мешавад. Ин боиси фирори мағзҳо гардида ва садои эътирози онҳо ҳам аз ҳар гӯшаву канор торафт баландтар мешавад.

Магар замони ба ҳам овардани эътирозҳо фаро нарасида?


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>