Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Мақомоти тоҷик чашм ба сармояи тоҷикони бурунмарзӣ дӯхтаанд

$
0
0

Тоҷикистон дар садади таъсиси як фонди махсусе, ки қарор аст барои ҷалби кӯмак ва сармояи тоҷикони бурунмарзӣ боз шавад, баромадааст. Дар ин бора мақомот дар нишасте, ки бо ширкати намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ баргузор шуд, эълон карданд.

Тибқи гуфтаи мақомот, муассисони ин фонд ҳукумат ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷ хоҳанд буд. Маблағҳои кӯмак ва сармоягузории тоҷикони бурунмарзӣ дар ин сандуқ ҷамъоварӣ шуда, онро шӯрои назоратӣ идора хоҳад кард.

Қаблан ҳам мақомот аз муҳоҷирони тоҷик хоста буданд дар сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ширкат кунанд. Худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз муҳоҷирон ва сармоядорони тоҷик дар хориҷ даъват карда буд маблағҳои худро дар иқтисоди Тоҷикистон сафарбар намоянд.

Аммо то чӣ ҳад тасмими нави мақомоти Тоҷикистон кор хоҳад дод, суоли матраҳ боқӣ мемонад. Мақомот мегӯянд эътимоди қобили таваҷҷӯҳ, ки тоҷикони бурунмарзиро ба сармогузорӣ водор кунад, байни давлат ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар берун вуҷуд надорад ва бояд барои таҳкими он кор кард.

Чаро сармоядорони тоҷик ба Тоҷикистон сармогузорӣ намекунанд?

Диловар Қурбонов, як сармоядори тоҷики муқими Маскав, ки корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои чӯбиву пластикӣ дорад, мегӯяд ба ҳеҷ ваҷҳ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ нахоҳад кард.

“Гап дар дӯст доштан ё надоштани ватан нест — мегӯяд ӯ.  — Ман даҳ сол пеш ҳамин намуди корхонаро дар Тоҷикистон доштам. Даромадам 10 фоизи корхонаи ҳозираам дар Русия ҳам набуд. Вале дар ватан, назди падару модар гуфта, қаноат мекардам. Вале тафтишу ҷаримаву андозситонӣ ба ҷонам зад. Ҳафтае нест, ки аз мақомоте наоянд. Ҳамааш ҳақ талаб мекунад. Андозро барои 4-5 моҳ пеш мегиранд. Ҳанӯз маълум нест, ки 4 моҳ пас кор мекунӣ ё не, вале андозро аллакай гирифтаанд”.

Ҳастанд сармоядороне, ки чанд сол қабл аз Тоҷикистон фирор кардаанд. Яке аз онҳо, ки бо далелҳои маълум нахост номаш зикр шавад, гуфт ба воридоти керосин барои тайёраҳо ва бензину солярка машғул буд.

“Воридоти керосинро Ҳасан Асадуллозода монополия кард. Ба бензину солярка қаноат кардем, вале каме пас онро Шамсулло Соҳибов монополия кард. Дар Тоҷикистон касе ҳақ надорад бе иҷозати ӯ сӯзишворӣ ворид кунад. Барои гирифтани иҷозати домоди президент бояд 4% аз нархи ҳар литри воридмекардаат ба ӯ ҳақ диҳӣ. Бо ҳамин роҳ ҳам кор карда мешавад, вале ягон кафолате, ки як рӯз Соҳибов тамоми амволатро кашида мегирад, вуҷуд надорад” — мегӯяд ӯ.

 

Тақдири Зайд Саид ва Раҷабалӣ Одинаев

 

Зайд Саид яке аз аввалин сармоядороне буд, ки кулли сармояи бадастовардааш дар Русияро ба Тоҷикистон бурд, то дар иҷтисоди кишвар саҳим бошад. Ӯ ҳамчунин тавонист сармояҳои зиёди хориҷиро низ ба кишвар ҷалб кунад. Вале аввалин иқдоми сиёсии ӯ боис шуд тамоми молу мулкашро мусодира ва худашро барои солҳои тӯлонӣ вориди зиндон кунанд.

Чанд корхонаи муваффақи Зайд Саид, ки мусодира шуд ва дар ихтиёри наздикони Эмомалӣ раҳмон қарор гирифт, зуд аз кор монданд ва садҳо нафар ҷои кори худро аз даст доданд. Баъзеи ин корхонаҳо, аз ҷумла “Гулистон” чанд бор аз даст ба даст гузаштанд, вале то ҳол фаъолияти худро барқарор накардаанд.

Агар қазияи Зайд Саид сиёсӣ буд, қазияи Ҷӯрабек Охунов ва Раҷабалӣ Одинаев сирф иқтисодӣ ва ғасби рейдерӣ аст. Амволи солҳо ҷамъоварда ва тиҷорати бароҳмондаи Одинаев дар як муддати кӯтоҳ ба дасти Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур гузашт ва худи ӯ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.

Муҳаббати якҷониба

Мақомот дар ҳоле муҳоҷирону сармоядорони бурунмарзии тоҷикро ба дӯст доштани ватан даъват мекунанд, ки худашон на танҳо имтиёзе ба муҳоҷирини пуловар ва ҷумбонандаи иқтисоди Тоҷикистон қоил нестанд, балки бо ҳар роҳе онҳоро ғорат мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, маблағе, ки муҳоҷирин ба Тоҷикистон мефиристанд баробар бо ними ММД-и кишвар аст. Бештари ин маблағ аз Русия фиристода мешавад, вале муҳоҷирони тоҷик дар Русия мазлумтарин қишри коргар ҳастанд. Чанд ниҳоди тоҷикӣ дар Русия ва садҳо корманди он ки вазифаашон дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон аст, на танҳо аз онҳо ҳимоя намекунанд, балки дар қатори ниҳодҳои интизомии Русия ба ғорати муҳоҷирин машғуланд.

Барои мисол, шиноснома, маълумотнома барои бозгашт ба ватан ва даҳҳо ҳуҷҷати дигар тавассути миёнаравҳо ё мустақиман бо нархи даҳчанд ба муҳоҷирин фурӯхта мешавад. Маблағҳои ба Тоҷикистон ирсолкардаи муҳоҷирин бо пули миллӣ ва қурби хеле паст пардохт карда мешавад, ки муҳоҷирин аз 2 то 3 дарсад зарар мебинанд. Чунин мисолҳои ғорати муҳоҷиринро мешавад даҳҳо адад овард.

Ҳамин мақомот, ки ба ғорати муҳоҷирин машғуланд, онҳоро ба ватандориву ватандӯстӣ даъват мекунанд.      

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бо ҳар роҳе сармояро ба иқтисоди кишвар ҷалб намоянд, вале дар ҳоле, ки чанд наҳанг ҳама тиҷоратҳоро бидуни истисно фурӯ мебаранд, кадом муҳоҷир ҳозир хоҳад шуд ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад?    


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>