Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Карзай: Танҳо Русия метавонад барои мубориза бо терроризм ба Афғонистон кумак кунад

$
0
0

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар шабакаи телевизионии НТВ-и Русия изҳор дошт танҳо ин кишвар метавонад ба Афғонистон дар амри мубориза бо терроризм кумак кунад.

Вай дар идома ҳамчунин тасреҳ кард: “дигар кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Биритониё наметавонанд ба Афғонистон дар заминаи мубориза бо терроризм кумак кунанд. Амрико тайи 17 соли гузашта шаҳрвандони Афғонистонро куштааст. Агар Русия равобити ҷадиде бо Покистон ва Афғонистон дошта бошад метавонад ба кишвари мо кумак кунад.

Амрико аз Афғонистон дар ҷанг бо Шӯравӣ истифода ва Алқоъидаро дар пойгоҳҳои низомии Покистон таъсис кард. Ин иддаои Амрико, ки Алқоъида натиҷаи таҳоҷуми Русия аст, саҳеҳ нест. Онҳо қасд доранд танҳо абарқудрат мавҷуд бошанд ва ин корро анҷом доданд. Яке аз илали суқути Шӯравӣ ҷанги Афғонистон буд».

Гуфтанист бархе коршиносони масоили сиёсӣ аз Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон ба далели чунин изҳороте интиқод карда ва гуфтаанд ҳимояти ӯ аз Русия дар ростои манофеъи шахсиаш аст, на ба хотири манофеъ миллӣ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles