Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Мурофиаи озод”, аммо бидуни ширкати “бегонагон”

$
0
0

Қарор аст ҳафтаи оянда Додгоҳи Олӣ баррасии парвандаи муттаҳамони ҳуҷум ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғараро шурӯъ кунад. Ба парванда мӯҳри махфӣ назадаанд, аммо касе бидуни иҷозаи мақомот наметавонад дар он ширкат кунад.

Мурофиъа дар боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешавад ва танҳо онҳое дар он ширкат карда метавонанд, ки иҷозаи мақомотро барои даромадан ба боздоштгоҳ дарёфт кунанд.

“Мурофиъаи додгоҳии ин парванда дар бинои боздоштгоҳи муваққатии №1-и вазорати адлия баргузор мешавад, ки муттаҳамон дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд. Тибқи қоидаҳои дохилии ин муассиса ба он танҳо онҳое ворид шуда метавонанд, ки иҷозатномаи махсус гирифтаанд” — гуфтааст як манбаъ ба Азия Плюс.

Ин манбаъ гуфтааст рӯзноманигорон иҷозаи вуруд ба мурофиъаро нахоҳанд дошт.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон бештари парвандаҳоеро, ки дар он шубҳаҳои зиёд нисбат ба мақомоти тафтишкунанда вуҷуд дошт махфӣ карда буданд. Аз ҷумла парвандаи ҲНИТ-ро, ки мақомот онро ба терроризм муттаҳам мекунанд, аммо то ҳол ҳеҷ далели конеъкунандае ба ҷомеъа натавонистаанд ироа кунанд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳатто кишварҳои шарики Тоҷикистон низ ин иттиҳомотро то ҳол бовар накардаанд.

Танҳо парвандаҳои сиёсӣ нест, ки мақомот ба он мӯҳри махфӣ мезананд. Охирин намунаи парвандаи махфии иқтисодӣ парвандаи Раҷабалӣ Одинаев, муассис ва молики ширкати “Умед-88” буд, ки ба воридот ва фурӯши сӯзишворӣ машғул буд. Пас аз баррасӣ дар мурофиъаи махфӣ ӯ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд ва амволаш дар ихтиёри домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов қарор гирифт.

Дар ҳамла ба сайёҳон низ, бо вуҷуди он ки ин ҳамларо ДОИШ ба дӯш гирифт ва навори байъати ин гурӯҳ ба ДОИШ низ расонаӣ шуд, мақомот ҲНИТ-ро ба ин ҳамла муттаҳам мекунанд. Вале то ҳол ин иттиҳоми мақомотро низ ҳеҷ кишваре, аз ҷумла кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар он ҳамла кушта шудаанд, қабул накардаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles