Дар натиҷаи Анҷумани аввали ҳамкории байниминтақавӣ, Русияву Ӯзбекистон 785 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи $27,1 млрд ба имзо расониданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии вазорати иқтисоди Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи ин вазорат, 600 созишнома ба маблағи $1,76 млрд дар соҳаи иқтисоду савдо ва 185 созишнома ба маблағи $25,3 млрд дар соҳаи сармоягузорӣ ба имзо расидааст.
Дар анҷуман қарори бунёди 79 ширкати ӯзбекӣ-русӣ, 23 марокизи нави савдо ва 20 маркази яклухт ва тақсимкунӣ гирифта шуд.
Баъзе аз ин созишномаҳо, ки вазорати иқтисоди кишвари ҳамсоя зикр кардааст, иборатанд аз:
— Бунёди як комплекси кишоварзӣ барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ бо қудрати солонаи 66 ҳазор тон байни мақомоти вилояти Сурхандарё ва ширктаи “ЭКО Култура” аз вилояти Ставрополи Русия;
— Бунёди ширкати муштараки монтажи автокранҳои замонавӣ бо қудрати 100 адад дар сол ва 50 ҷои корӣ ба маблағи $10 млн дар минтақаи озоди иқтисодии “Навоӣ” байни мақомоти вилояти Навоӣ ва ширкати “ИМЗ “Автокран” дар вилояти Иваново;
— Таъсиси маркази савдо дар Уфа ба маблағи $800 ҳазор, ки ба он меваву сабзавот бо усули долони сабз бурда мешавад. Маркази савдо бо яхдонҳои ғунҷоишашон 15 ҳазор тон ва 10 адад техника таъмин хоҳад шуд. Гардиши солонаи ширкати муштарак, ки байни ҳукумати вилояти Самарканд ва маркази яклухт ва тақсимкунии “Зурбозор” аз Бошқирдистон бояд маркази $45 млнро ташкил диҳад;
— Бунёди гармхонаи масоҳаташ беш аз ҳазор гектар барои парвариш, нигоҳдорӣ ва коркарди лимӯ. Ба ин пружа ширкати русии “Нива Гринхаусиз” $100 ҳазор маблағгузорӣ хоҳад кард.
Гуфтанист, ки ин анҷуман дар ҳошияи сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон, ки 18 октябр ба онҷо ворид шуда буд, баргузор гардид.
Новобаста аз он ки мақомоти Тоҷикистон ҳар дафъа зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон намоишгоҳи меваву сабзавоти Тоҷикистонро баргузор мекунанд, то ҳол байни Тоҷикистону Русия ягон созишномае, ки ба нафъи ду кишвар кор кунад, имзо нашудааст. Бархе аз созишномаҳои имзошуда ҳам рӯи қоғаз боқӣ мемонанд. Ӯзбекистон рақиби асосии Тоҷикистон дар содироти меваву сабзавот дар минтақа аст ва имзои ин созишномаҳо метавонад ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин кишвар такони бузург дода, баръакс бозори меваву сабзавоти Тоҷикистонро, ки асосан ба Русия содир мешавад, касод созад.
Ҳамчунин созишномаҳое, ки ҳамеша ҳимни мулоқотҳои дуҷониба бо дархости ҷониби Тоҷикистон имзо мешавад, бештар ба масъалаи муҳоҷират рабт гирифта, дар аксари ҳолатҳо ҳеҷ нафъе ва муҳоҷирон намеорад ё ҳатто баръакс бар зарари пуловарони асосии кишвар тамом мешавад.