Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҷаҳон дар интизори изҳороти Урдуғон

$
0
0

Тамоми расонаҳои ҷаҳон ва ҳамаи онҳое, ки қазияи Хошуқчиро пайгирӣ мекунанд, дар интизори изҳороти Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия нишастаанд. Қарор аст имрӯз ӯ натиҷаи таҳқиқотро дар нишасти матуотӣ эълон кунад.  

Ҳизби адолат ва тавсеаи Туркия эълом кард, суханронии Урдуғон дар нишасти имрӯзи ҳизб ба таври ҳамзамон ба ду забон — англисӣ ва арабӣ тарҷума хоҳад шуд.

Қарор аст ӯ дар ин нишаст натоиҷ ва ҷузъиёти таҳқиқот дар бораи қатли Ҷамол Хошуқчиро эълом кунад. Афкори умуми ҷаҳон дар интизори шунидан изҳороти раисҷумҳури Туркия дар ин замина аст.

Урдкғон чанд рӯз пеш бо ишора ба қатли Хошуқчӣ изҳор дошт: “чаро 15 нафар инҷо омаданд ва 18 нафар боздошт шуданд? Рӯзи сешанбе иттилооти бисёр мутафовитеро дар нишасти ҳизб эълом хоҳам кард ва ба ҷузъиёти комиле дар бораи ин ҳодиса мепардозам”.

Коршиносон ба ин назаранд, ки изҳороти Урду0он ба нафъи Арабистони Саъудӣ нахоҳад буд. Муносиботи Туркияву Арабистон дар сардтарин замони худ қарор доранд ва бо назардошти чанд мушкиле, ки қаблан байни ин ду кишвар сар зада буд, интизор меравад Урдуғон интиқомашро аз ин кишвари арабӣ хоҳад ситонд.

Аз ҷумлаи ин мушкилот ҳимояти Арабистон аз курдҳо дар Сурия ва кӯмаки ин кишвар ба кудатогарони Туркия дар соли 2016 номида мешавад. Ҳарчанд номи Арабистони Саӯудӣ дар он кудато зикр нашудааст, замоне Урдуғон эълон кард, ки яке аз кишварҳои арбаӣ ба кудатогарон кӯмаки 3 милларддолларӣ кардааст, чашмҳо ба сӯи Арабистони Саъудӣ ва Аморот дӯхта шуданд.

Қазияи Хошуқчӣ наздик ба бист рӯз аст, ки аз сархати расонаҳо дур намеравад ва ба як масъалаи бузурги байналмиллалӣ табдил ёфтааст. Дар пайи ифшои баъзе аз ҷузъиёти он мушкилоти бузурге барои Арабистон дар арсаи байналмиллаӣ пеш омадааст. Сиёсатмадорони Ғарб аз манъи фурӯши силоҳ ба ин кишвар то таҳрими он ҳарф мезананд.

Аксари кишварҳои аврупоӣ аз ширкат дар нишасти бузурги сармоягузорӣ, ки Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад эълони худдорӣ карданд.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>