Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Трамп Муҳаммад бин Салмонро масъули қатли Хошуқҷӣ донист

$
0
0

Раисҷумҳури Амрико изҳор дошт валиаҳди Арабистони Саудӣ ин кишварро идора мекунад ва агар касе дар моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ даст дошта бошад, ӯ Муҳаммад бин Салмон хоҳад буд.

Вай дар идома ҳамчунин тасреҳ кард:

“Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ ҳеҷ иттилоъе надоштааст ва ман дар ин бора қонеъ шудам. Чанд бор аз Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар дар бораи ин мавзӯъ савол кардам ва ӯ ҷавоби манфӣ ба ман дод ва гуфт иттилоъе надорам.

Пурсидам, ки қатли Хошуқҷӣ аз куҷо манбаъ мегирад? Вай гуфт, ки ин моҷаро дар радаҳои поини ҳукумат анҷом шудааст. Воқеан мехоҳам онро бовар кунам. Ҳаргиз набояд чунин иттифоқе меафтод. Ҳодисаи бисёр баде буд. Ба бадтарин шакли мумкин саъй шуд бар он сарпӯш гузошта шавад”.

Гуфтанист Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори аҳли Арабистони Саудӣ, сардабири собиқи рӯзномаи Ал-Ватан ва сутуннависи Вашингтон пост рӯз дувуми моҳи октябри ҷорӣ ба манзури анҷоми умури расмӣ вориди консулгарии ин кишвар дар Истамбул шуда ва аз он хориҷ нашуд.

Тибқи иттилоъи баъзе расонаҳо, дирӯз ҷасади пора-пора шудаи ӯ аз ҷоҳе дар Истамбул пайдо шудааст. То ҳанӯз ин хабарро мақомоти расмии Туркияву Саудӣ тасдиқ накардаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>