Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Чаҳоряки барқ ба фурӯш. Бо ними нарх

$
0
0

Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ ба беш аз 2,5 млрд кВт/с барқ содир кардааст. Маблағи воридшуда ба хазинаи давлат аз ин ҳисоб $72,5 млн-ро ташкил медиҳад. Содироти барқ то ҳанӯз идома дорад — тибқи иттилоъи расмӣ, ҳудуди 25 дарсади барқи истеҳсолии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад.

Тибқи ҳисоботи “Мониторинг ва ҳушдори аввалия дар Тоҷикистон” ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 50% бештар аст. Тибқи иттилоъи манбаъ, содироти барқ асосан ба Ӯзбекистону афғонистон рост меояд. Аз ҳачми зикршуда 1,3 млрд кВт/с ба Ӯзбекситон рост омадааст.

Дар ҳамин ҳол, аксари манотиқи кишвар беш аз як моҳ аст, ки аз камбуди барқ ранҷ мекашанд. Дар аксари ноҳияҳо барқ ба аҳолӣ 4-5 соат дар як шабонарӯз дода мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо мардум ҳамагӣ 3 соат дар шабонарӯз барқ дорад.

Дар ин ҳуҷҷат гуфта мешавад ҳаҷми асосии содироти барқ ба моҳҳои апрел-август рост омадааст ва “моҳи сентябр ҳаҷми фурӯши барқ камтар гардидааст”.  Дар моҳи сентябр 350 млн кВт/с барқ содирот шудааст, ки 24 дарсади истеҳсоли он дар кишвар мебошад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар моҳи сентябр 1 млрд. 461 млн. кВт/с-ро ташкил додааст.

Бештари корхонаҳои кишвар дар манотиқи кишвар низ аз норасоии барқ ранҷ мебаранд ва фаъолияташон сахт маҳдуд шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки барқ ба корхонаҳои кишвар 5 сентӣ, аммо ба Ӯзбекистон 2,5 сентӣ фурӯхта мешавад.

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон эълон карда буд, ки лимити барқ барои мардум дигар афсона шуд. Ӯ қаблан ҳам 3 маротиба дар солҳои 2004, 2007 ва 2009 қавл дода буд, ки лимити барқ баъди ду сол, яъне дар солҳои 2006, 2009 ва 2011 пурра бартараф хоҳад шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>