Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот иттилоияеро, ки Додгоҳи Олӣ дирӯз пахш карда буд, беасос ва идомаи сиёҳкориҳои мақомот алайҳи ин ҳизб донист.
Гуфтанист, ки дирӯз Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия ҳамаи муттаҳамони ҳамла ба сайёҳони хориҷиро аъзои ҲНИТ муаррифӣ карда буд.
Ин иттилоияи Додгоҳи Олӣ дар ҳоле садо дод, ки додраси парванда дар мусоҳибааш изҳор дошт муттаҳами асосии ҳамла Ҳусейн Абдусамадов гуфтааст амалиёти террористӣ бо дастури ДОИШ иҷро шуд.
Матни изҳороти ҲНИТ ба шакли зер аст:
Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) иттилоияи Додгоҳи олии кишварро дар бораи узви ҲНИТ эълон кардани 5 нафар ҳамлагарони ҳодисаи Данғара мавриди баррасӣ қарор дода, тамоми иттиҳомотро беасос медонад ва шадидан рад мекунад.
Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали содир шудани ин ҷиноят, ДИИШ масъулияти онро ба ӯҳда гирифт. Дар мурофиаи додгоҳӣ, гумонбари аслии ин парванда Ҳусейн Абдусамадов дар сухани охири худаш ҳам эътироф кардааст, ки ин амали ҷиноятиро бо дастури ДИИШ анҷом додааст, аммо мақомоти кишвар аз ҷумла Додгоҳи олӣ ин эътирофотро нодида гирифта, боз ҳам ба иттиҳомоти беасоси худ алайҳи ҲНИТ пофишорӣ мекунанд.
Пештар ҳам Раёсати Олии ҲНИТ зимни маҳкум кардани ҳодисаи Данғара, на танҳо иттиҳомоти мақомоти кишварро дар бораи даст доштан дар ин ҳодиса рад намуда буд, балки хостори ташкили гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса шуд.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон иттиҳомоти Додгоҳи олиро низ идомаи сиёҳкориҳо алайҳи худ дониста онро ба шиддат рад мекунад.
Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
- 10. 2018