Иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт рӯзи 20 ноябр бо мақомоти аршади додситони кулл ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон мавзӯи ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ кард.
Дар ин бора мақомоти сафорати ИМА дар Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Дар изҳороти мухтасар гуфта мешавад, ки ин мулоқот бо ҳадафи“ошноӣ бо иқдомҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар амри таҳқиқи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ ва пойфишорӣ ба татбиқ шудани қонун” баргузор шуд. дар изҳорот омадааст, ки ҳукумати ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон сипосгузор аст, ки имкони барпо кардани чунин як муколамаро фароҳам овард.
“Сафорат талошҳояшро ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон идома медиҳад”, гуфта мешавад дар ин изҳорот. Ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр намешавад
Сафири ИА: Ошӯб дар зиндон мӯшикофона таҳқиқ шавад
Мерилин Йосефсон, раҳбари дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе мегӯяд, ӯ ва дипломатҳои дигар аз кишварҳои Аврупову ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон таҳқиқи мӯшикофонаи ҳодисаҳои шаби 7 ба 8-уми ноябр дар зиндонии рақами сеи шаҳри Хуҷандро тақозо мекунанд.
Дар як посухи катбиаш ба Радиои Озодӣ шоми 19-уми ноябр дипломати аршади аврупоӣ гуфт, ин нукта рӯзи душанбе дар мулоқоти сафирони Аврупову ИМА ва аъзои Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон таъкид шуд.
Мерилин Йосефсон ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи хулосаҳои ин нишаст гуфт, иштирокдорон аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳанд, дар амри хатми ҳама намудҳои шиканҷа ва муносибати бад талош ба харҷ дода, иҷрои қонун ва риояи ҳуқуқи инсон нисбат ба қурбониёни шиканҷаву наздикони онҳоро таъмин кунанд.
“Мо ҳукуматро ба таҳқиқи мӯшикофона ба хотири мушаххас кардани ҷузъиёти ошӯб дар зиндони Хуҷанд даъват мекунем. Ҳама гуна талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои кӯмак дар мушаххас кардани ҷузъиёти ин ҳодисаҳо бояд мавриди истиқбол бошад”, — мегӯяд Йосефсон.
Ӯ гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бо Эътилофи зидди шиканҷа ҳамкории дарозмуддат барпо кардааст.
«Мехоҳем бо мақомоти тоҷик ин мавзӯъро дар миён гузорем»
Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, шоми рӯзи душанбе дар сафоратхонаи Бритониё мулоқоти сафирони ИМА ва кишварҳои аврупоии мустақар дар Душанбе баргузор шуд.
Кевин Коверт, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Душанбе дар як мукотиба бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мулоқот бо фаъолони ҳуқуқ бо ҳадафи ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳодисаи шаби 7 ба 8 ноябр баргузор шуд. Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ошӯби зиндон даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд, вале мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.
Кевин Коверт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст рӯзи 20 ноябр ҳайати дипломатҳои хориҷӣ бо мақомоти вазорати хориҷӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон мулоқот карда аз онҳо охирин таҳаввулоти баъди пахши ошӯби зиндониҳоро суол кунанд ва “пойфирошӣ кунанд, ки дар нисбати омилони ин ҳодиса қонун риоя шавад ва масъулоне, ки даст ба нақзи ҳуқуқи инсон задаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.
Рӯзи 20 ноябр дипломатҳои сафорати ИМА гуфтанд, ки дар ҷараёни рӯз дар ин замина иттилои бештар нашр мешавад. Мақомоти тоҷик феълан ин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.
Дар аксе, ки чанд сафири ғарбӣ дар саҳифаи фейсбукии худ нашр карданд, дида мешавад, ки дар ин нишаст сафири Бритониё Ҳю Филпотт, раҳбари дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе Мерилин Йосефсон, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Душанбе Кевин Коверт ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон иштирок карданд.
Бознашр аз «Озодӣ»