Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар манзилаш аст

$
0
0

Соате пеш як манбаъ ба мо иттило дод, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозӣ, муовини сарвазир ва узви Маҷлиси миллӣ аз хонааш тавассути чаҳор нафар бурда шудааст.

Манбаъ гуфт ин чаҳор нафар, ки яке аз онҳо либоси милисагӣ доштааст, шаби гузашта ба хонаи Тӯраҷонзода омада, ӯро ба самти номаълум бурдаанд ва то ҳанӯз аз макони будубоши ӯ иттилое нест.

Вақте мо ин хабарро нашр кардем, чандин нафар тамос гирифтанд, ки хабар дурӯғ аст, онро бардоред. Мо ҳам ба хотири шубҳаовар шудани хабар онро аз сомона лағв кардем.

Инҷо ду масъала метавонад бошад: ё бо додани хабари дурӯғ, хостанд моро дурӯғгӯ бароранд ва баъзе аз ҳадафҳои сиёсиашонро роҳандозӣ кунанд, ё наздикони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нахостаанд ин хабар алъон расонаӣ шавад.

Мо сабти гуфтугӯ бо манбаъро дорем. Дар сурати комилан дурӯғ баромадани ин хабар мо он садоро пахш хоҳем кард, то агар воқеъан хостаанд фитнае эҷод кунанд, мардум фитнагаронро бишносад. Ва аз Қозидомуллову хонаводаашон ва тамоми хонандагон узр хоҳем пурсид.

Замоне, ки ин хабар навишта мешуд, манбаи мо бори дигар ба алоқа баромад ва гуфт, ки чанд дақиқа пеш Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба манзилаш баргаштааст ва сахт ошуфта аст.

Алъон мунтазир мемонем, то масъала маълум шавад.   

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>