Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе давр мезанад, ки дар он гурӯҳе аз муҳоҷирон аз пулиси рус ба ҷангал фирор мекунанд.
Ин навор шарҳу вокунишҳои зиёде ба бор овардааст. Яке аз беҳтарин шарҳҳоро шоири тоҷик Исфандиёри Назар навиштааст ва Паём тасмим гирифт онро бознашр намояд:
Намедонам, он кадом шоири бешараф аст, он кадом нависандаи беғайрат аст, он кадом рӯзноманигори дубин аст, ки бо дидани ин фоҷиа боз ҳам мехоҳад шеъри маддоҳӣ, насри маддоҳӣ ё мақолаи маддоҳӣ нависад…
Намедонам ин навор ба кадом корманди амният, кадом корманди вазорати корҳои дохилӣ, кадом корманди вазорати корҳои хориҷӣ ва ба кадом кас аз хонаводаи ин роҳбарони «осмонӣ» писанд меояд?
Ростӣ, шумо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шумо кормандони идораҳои давлатӣ, шумо вазирону раисони ин ҳукумат оё ин наворро ва ин гуна наворҳоро шахсан мебинед? Ё барои Шумо танҳо муҳим он аст, ки дар пайи чунин фоҷиаҳо чи касе эрод мегирад ва чи гуна бояд ӯро ҷазо дод?
Дар ин навор тоҷикони муҳоҷир аз пулиси рус мегурезанд!!!
ФИРОРИ МУҲОҶИРОН АЗ ПОЛИЦИЯ-И МОСКВА БА ТАРАФИ ҶАНГАЛЗОРҲО
Posted by Бахрулло Одинаев on Sunday, December 16, 2018
Зиндонҳои Русияи фашистии путинӣ пур аз тоҷикони муҳоҷир аст. Ва ҳама рӯза дар Русияи нозӣ тоҷикро боздошт мекунанд, зиндонӣ мекунанд ё аз хоки худ берун кардаву мамнуъулвуруд месозанд!
Тоҷиконро — тоҷиконеро, ки соли 1990 ҳар зану духтари рус орзуи бо ҷавонони онҳо хонадор шуданро дошт! Тоҷиконе, ки ғайрату шаҳомату ҷанговарии онҳо на танҳо русҳоро, ки чеченҳову дигар миллатҳоро ба ҳайрат меовард…
Ва акнун тоҷик мисли чӯҷаҳои мурғ аз боша, аз калҳот, аз лошахӯр, аз каргас… мегурезад… Дар зимистони қаҳратуни сарзамини Рус.
Тоҷике. ки бо ночизтарин музд сангинтарин корҳоро дар Русия анҷом медиҳад ва Жиринуфскийҳои тоҷикбадбинашро шумо овардаву зиёфатҳои шоҳона додаву ҷомаву тоқӣ мепӯшонед!
Оё медонед, ки тоҷикро ба миллати беэътибор, беғайрат, тарсӯ, муздур ва муҳоҷир Шумо табдил додед?
Оё медонед, ки номи баланди як Миллатро на ҷинояткорону ҷангиёну муллоҳои он, балки маҳз шумо ва низоми ҳукумати дастнишондаи шумо дар ҷаҳон ва ба хусус дар Русия бад кард?!
Бале, инро медонед ва маҳз чунин будани Тоҷик ба фоидаи шумо, ба давом овардани низоми шумо ва ҳукумати хонаводагиятон мусоидат мекунад!
Аз ин рӯ, ҳар ҳафта омадани ҷанозаи 5-7 тоҷик ба кишвар барои Шумо мусибат нест.
Аз ин рӯ шумо муҳоҷиратро «раванди табиъӣ ва маъмулие, ки ҳамаи кишварҳо онро доранд» меномед.
Аз ин рӯ шумо бадтар аз душманони ин миллат худ ба сари он юриш мекунед, худ пеш аз душманон зиндонаш мекунед, мекушедаш ва фирориёнашро ба ихтиёри шаҳрбонии байналмилалӣ месупоред!
Ман итминони комил дорам, ки ҳастанд ҳазорҳо нафар дар мақомоти қудратӣ, ки аз дидани ин ҳама лаб ба дандони таъассуф мегазанд, вале чорае надоранд ва тарси ин, ки шумо ба тамоми хонавода нобудашон мекунед, онҳоро аз эътироз боз доштааст!
Ман намехоҳам инҷо ба Ҳукумат ё кормандони он ва ҳатто вазирҳои он лаънат фиристам. Ин лаънатро бо ҳар нафас, ҳар рӯз худи мардум мефиристанд.
Ман аммо мехоҳам ба ҳамаи шоироне, ки ин шабу рӯзҳо ашъори маддоҳӣ менависанд, мусоидат мекунанд, ки ин мусибатҳо нодида гирифта шавад, рост нишаставу каж мебинанд, каж меандешанду дар хутути рости ҳуруфи кирилӣ мерезанд, ЛАЪНАТ гӯям!
Лаънат ба ҳар куҷо маддоҳ!
Як корманди шаҳрбонӣ (пулис) амри роҳбари худро иҷро мекунад, як вазир ҳам, як раису миршабу муллои Худобехабар ҳам. Аммо як шоир, як нависанда, як рӯзноманигор, як фарде. ки истеъдоди навиштани як ҷумларо дорад, бо амри виӯдони кӯри худ, ба хотири ширин нишон додани худ, гирифтани пуле, мукофоте, унвоне,, хонае, мансабе даст ба маддоҳӣ мезанад, шеъри маддоҳӣ менависад асри 21-ро асри амирони ғазнавию салҷуқию шайбонию манғитӣ мебинад. Дубинона, курандешона, бехирадона чун мансабдорони хоин мепиндорад, ки ин ашъор номи мамдуҳро ба некӣ дар торихи адаб нигоҳ медорад.
Фикр намекунад, ки дигар ин асри 10 то ибтидои соли 90 ва ҳатто ин замони даҳ сол пеш нест!
Дигар аз шеъру навиштаи як адиб хонандаи оянда афкори равоншинохтиро ҷустуҷӯ мекунад, ақоиди рушангариро ҷустуҷӯ мекунад ва дар баробари ҳаводис кадом мавқеъро интихоб кардани адибро меҷӯяд.
Хонандаи даҳ солу сад сол пас ҳамаи матолибро дар шакли навории он, дар шакли савтии он ва бо далоили муҳкаме, ки дар шабакаҳои интернетӣ селосо ҷорӣ мешаванд, мехонад, меҷӯяд ва медонад, ки чи будаасту чи шудааст.
Ин наворҳо далели қотеъи бедироятӣ, бекифоятӣ, хоинӣ ва дар баробари мушкилоти як миллат бепарвоии шумо санади боэътиборе дар оянда хоҳанд буд!
Аммо ҳоло чи бояд кард? Роҳи ҳалли ин мушкилот дар куҷост?
Қарзи беш аз дуниммилиардии Давлати Тоҷикистон аз кишварҳои вомдеҳ, хосса Чин, ки дар пайи забти беҷанги кишварҳое чун Тоҷикистон ҳаст, мерасонад, ки дар оянда ҳам, ҳатто даҳ солу понздаҳ сол баъд ҳам дар кишвар барои аҳолӣ ҷои кору маоши муносиб фароҳам нахоҳад омад!
Агар ҳазор Роғун сохта шавад, қимати барқ барои аҳолии кишвар поин оварда нахоҳад шуд! Зеро ҳукумате, ки ба вомгирӣ худро одат додааст, ҳукумате, ки дар инҳисори чанд тан нафасгир карда шудааст, ҳаргиз дар пайи ободиву рифоҳи так-таки аҳолии кишвар нахоҳад буд. Ин ҳукумат орзуи шоҳаншоҳӣ, орзуи нигоҳдории қудрат ба шакли мерос ва орзуи дар хидмати худ нигоҳ доштани аҳолии як кишварро дошту дораду хоҳад дошт. Дар ин ҳеч шакке нест!
Миллати ночормондаи тоҷик чи чорае дорад?
Оё бояд хатти муҳоҷирати иҷбориву кории худро ба Русия нигоҳ дорад? Оё ҳатмист, ки бояд забони русиро омӯзад ва чорасозу паноҳгоҳе ҷуз русро надонаду надошта бошад?
На!
То модоме, ки Русия ном кишваре дар ҷаҳон асту низоме чун низоми путиниро дорад, на танҳо тоҷикро низоми он одам нахоҳад шумурд, балки ҳар миллати ғайрирусро бо чашми ҳақорату кам хоҳад дид!
Аз ин рӯ, анҷуманҳое, ки тоҷиконро дар нуқоти гуногуни Русия гирд овардаанд, афроде, ки инҷо зӯру тавоне доранд ва худи шаҳрвандон бояд дар пайи кушодани роҳи наву дари наве бар муҳоҷирати хеш бошанд.
Ду роҳи аслиро бояд пайгирӣ кард ва барномарезиву чорасозӣ намуд:
- Рафтан ба Конодо. Беҳтар аст бо ҳамаи аҳли хонавода. Барои ин метавонанд 200-250 хонавода якбора асноди худрову дархости худро ба сафоратхонаҳову нуқоти қунсулгарии ин кишвар дар Русия ва ҳар ҷои дигар биспоранд. Албатта интизорӣ тӯл мекашад, аммо посух мусбӣ хоҳад буд!
Барои инзарур несту роҳ набояд дод, ки касони миёнраву пулкоркуну ношоистбар (қочоқбар) ва фиребкор мардумро фиреб диҳанд. На, бояд аснодро ва дархостро дар дафтарҳои тарҷима бо инглисӣ тарҷима карду ба сафрат ё ҳар ҷое, ки сафорат пешниҳод мекунад, супорид.
- Роҳ ҷустан ба Омрико.
Албатта агар бо роҳи қонунӣ омадан ба самти Урупо муяссар гардад — ин ҳам ба мурод аст.
Вале беҳтарин роҳу чора Конодост!
Русиро на, инглисиро бояд омӯхт. Агар фарзандонатон дар ҳадде, ки матлабро метавонанд бирасонанд, ин забонро донанд, кори шумо хеле осон хоҳад буд.
Ба кишварҳое ҳиҷрат бояд кард, ки ҳуқуқи инсон дар онҳо риоят мешавад. Ба кори коргар маоши муносиб пардохта мешавад. Коргар инсон шумурда мешавад ва ҳуқуқаш бо аҳолии бумӣ яксон дониста мешавад!
Русия барои садсолаҳои дигар низ чунин кишвар нахоҳад буду нахоҳад шуд!
Онгоҳ, пул фиристодан ба кишвар ва саҳм гирифтану нагирифтан барои дар баробари вомҳои беохири гирифта сари по истодани он — дар ихтиёри ҳар шахс аст.
Дар ин нукта ҳеч шак нест, ки ҳукумати феълӣ бар рӯи ҷанозаву устухонҳои дар сармоҳои замини рус сард шудаву дардманд во истодааст. Агар ин устухонҳо худро аз зери ин лагади табоҳкор канор бикашанд, он фурӯ хоҳад рехт. Дақиқан, мисли исклетҳое, ки дар филмҳои даҳшатноку хаёлии омрикоӣ зинда мешаванд ва бо зарбате ё чорае шақарасзанон фурӯ мерезанд….
Исфандиёри Назар