Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Номаи шикоятӣ алайҳи Парвиз Тухтасунов ба Путин

$
0
0

Дар шабакаҳои иҷтимоии русӣ  мактубе пайдо шудааст, ки алайҳи Парвиз Тухтасунов — тоҷике, ки ба яке аз баландтарин мансабҳо дар Хадамоти федералии бақайдгирии давлатии Русия таъин шудааст, ба Путин шикоят мебарад. “Муаллифон”-и нома Парвизро маъшуқи раҳбари ин хадамот Виктория Абрамченко номидаанд.  

Расонаҳои миллатгарои Русия муаллифони номаро кормандони ин хадамот мегӯянд.

Парвиз Тухтасунов моҳи ноябри соли ҷорӣ раҳбари Палатаи кадастрии Хадамоти федералии бақайдгирии давлатии Русия таъин шуд ва дарҳол зери тӯҳмату сиёҳкуниҳои миллатгароёни рус қарор гирифт. Расонаҳои миллатгарои Русия ӯро “тоҷики ношинос”, “оне ки ҳашт сол бекор буд”, “парастор” ва ҳатто “массажчӣ” номида, алайҳаш даҳҳо хабару мақола нашр карданд.

Расонаи русии “Новые известия” бо нашри акси ин нома аз он нақли қавл кардааст, ки муаллифон гуфтаанд ду соли охир барои онҳо “имтиҳони истодагарӣ” шудааст. Онҳо гуфтаанд аз замони ба раҳбабарии Хадамоти федералии бақайдгирии давлатии Русия таъин шудани Виктория Абрамченко фаҳшу фасод дар ин хадамот рушд карда, кадрҳои тавоно аз он ронда шудаанд.

“Гузашта аз ин, мутахассиси ҳирфаӣ Литвнтсев К.А аз раҳбарии Палатаи кадастрӣ барканор шуда, ба ҷои ӯ “гинеколог аз рӯи маълумот, массажчӣ аз рӯи касб ва маъшуқ дар зиндагӣ — Тухтасунов Парвиз, соли таваллудаш 1991, зодаи Тоҷикистон, солҳо бекор (то вохӯрӣ бо Абрамченко Тухтасунов 8 сол дар ягон ҷо кор накардааст) таъин шуд. Дар натиҷа, дар системаи қайди давлатӣ садамаи бузурге ба амал омад, ки онро чун “ҳуҷуми хакерӣ” муаррифӣ карданд” — навиштаанд “муаллифон”-и нома.   

Онҳо мутмаъинанд, ки таъиншавии Тухтасунов ба ин мақом ба сохти давлатии Русия хатар дорад, чун ӯ ба маълумот дар бораи ҳамаи иншоотӣ Русия (аз ҷумла махфӣ, ҳарбӣ ва ғ.) дастрасӣ дорад.

Худи Парвиз Тухтасунов тамоми иттиҳомҳои нашршуда алайҳаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои миллатгарои русиро инкор карда, гуфтааст ин иттиҳомот аз эҳсоси миллатагроёна ва бегонаситезии баъзе кормандон ва журналистон сарчашма мегирад.

Парвиз гуфтааст то замони даъват шуданаш ба Хадамоти федералии бақайдгирии давлатии Русия, карйераи муваффақе доштааст. Аз ҷумла ӯ тавониста сатҳи хизматрасонии техникии чанд клиникаи шахсиро ба маротиб боло барад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>