Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар Панҷакент ниқоби сиёҳи тиббӣ манъ шуд

$
0
0

Мақомоти ноҳияи Панҷакент пӯшидани ниқоби сиёҳи тиббиро манъ карданд. Ин намуд ниқоб чанд ҳафта қабл дар доруфурӯшиҳои ин ноҳия пайдо шуданд ва кам-кам ба мӯди рӯз табдил гаштанд.

Муовини сардухтури шаҳри Панҷакент Раъно абдуллоева гуфт ин ранг ниқоби тиббиро касе бепул ба дорухонаҳои шаҳр тақсим кардааст.

Ин ниқоби тиббӣ байни мардум зуд маҳбубият касб кард ва гурӯҳе онро дар кӯчаву бозор ҳам мебастанд. Вале тарс аз ранги сиёҳ мақомотро водор ба он кард, ки пӯшидани ин ранг ниқоби тиббӣ манъ карда шавад.

Дар ҳамин ҳол ба ниқобҳои рангаш кабуду сафеди тиббӣ, ки маъмул аст, касе кордор нест. Мақомот ниқоби сиёҳро ҳатто ғайритиббӣ эълон кардаанд.  

Раъно Абдуллоева гуфтааст ниқоби ранги сиёҳ тиббӣ набуда, пӯшидани он маслиҳат нест.

Зоҳиран тарси мақомот аз ранги сиёҳи ниқоби тиббӣ аз муборизаи ҳукумати кишвар бо сатру ҳиҷоб манша мегирад. Дар оғози муборизаҳои ҳукумати Тоҷикистон алайҳи сатру ҳиҷоб пеш аз ҳама пӯшидани ҳиҷоби сиёҳ манъ гардида буд.

Аксари мақомдорони тоҷик, ки алайҳи ҳиҷоб мубориза мебаранд, аз дидани рӯсарии ранги сиёҳ сахт ошуфта мешаванд.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>