Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Интиқоли Домулло Наимҷон ва Алиҷон Аҳмадов ба боздоштгоҳи Хуҷанд

$
0
0

Алиҷон Аҳмадов, собиқи раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Панҷакент, ки ҳафтаи гузашта дастгир шуда буд, муддати се рӯз дар боздоштгоҳи шаҳри Панҷакент нигоҳ дошта шуда,  ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтааст.

Тибқи маълумоте, ки ба Паём расид, мақомоти амниятии шаҳри Панҷакент чанд маротиба аз Алиҷон Аҳмадов талаб карда будаанд, дар баробари дурбини ба наворгирӣ алайҳи ҲНИТ сухан кунад.

“Алиҷонро охирҳои соли 2015 як маротиба ба идораи амният бурда, наворбардорӣ карда буданд. Ҳамон замон Алиҷон-ако бар зидди Наҳзати ислом гап задагӣ ва аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро додагӣ. Дар ин миён боз чанд бор даъват шуданд. Худашон гуфта истода буданд, ки бо ариза навиштану аз ҳизб хориҷ шудан амниятиҳо қонеъ нестанд. Ҳар замон ҳарчӣ фармудан мегиранду пурсидан мегиранд.” — шарҳ дод як манбаъ аз шаҳри Панҷакент.

Аммо як манбаъи дигар аз мақомоти прокуратураи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба мо гуфт, ки эҳтимол дорад, Алиҷон Аҳмадов рӯзҳои наздик озод шавад. Чун ӯро махсус ба хотири бар зидди Наимҷон Самиев, собиқ раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд гувоҳӣ додан боздошт кардаанд.

“Алиҷон Ахмадов ба хотири баёнот додан дар бораи Наимҷон Самеев боздошт шудааст. Якчанд нафари дигар низ боздошт шудаанд, ки онҳо низ айбдоршаванда не, балки ҳамчун шоҳид боздошт шудаанд. Ба хотири халалдор нашудани рафти тафтишот то гирифтани маълумоти зарурӣ инҳо дар боздоштгоҳ мемонанд. Агар дар кирдорҳои собиқаашон ҷиноят ошкор нашавад, озод ва ба хонаҳояшон бармегарданд.” — гуфт манбаъ аз мақомоти прокуратураи вилояти Суғд.

Аммо ин манбаъи мо дар бораи шахсияти нафарони дигари боздоштшуда, маълумоте надод.

Тибқи маълумоте, ки тавассути мақомдори прокуратураи вилоятии Суғд ба мо расид, айни ҳол Наимҷон Самеев, ки чанде пеш аз Русия мақомоти амниятии Тоҷикистон ӯро дуздида, ба Тоҷикистон оварда буданд, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

“Домулло Наимҷонро аввал аз Душанбе ба Исфара оварда буданд. Онҷо ҳамагӣ якрӯз истод. Баъд ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст. Инҷо бозпурсӣ мешавад” — афзуд манбаъ

Наимҷон Самеев

Ёдовар мешавем, ки  аввали моҳи декабр яке аз фаъолони собиқи ҲНИТ, узви собиқи Раёсати олии ин ҳизб ва собиқ раиси бахши вилоятии он дар Суғд Наимҷон Самеев ки чор соли охир дар Русия зиндагӣ мекард, аз тарафи пулиси ин кишвар дар сарҳади ҷумҳуриҳои Доғистону Чеченистон боздошт шуда буд. Ӯ аввал ба пулиси шаҳри Грозний, сипас ба идораи пулиси вилояти Ставропол бурда шуда, баъди чанде аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав пайдо мешавад. Наимҷон Самеевро кормандони амниятии Тоҷикистон ба Тоҷикистон меоранд.

Самеев  Наимҷон Абубакрович, мутаваллиди соли 1962 аз соли 2008 то 2012 масъулияти раёсати шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд, сипас то соли 2014 бахши ноҳиявии онро раҳбарӣ кардааст. Соли 2104 аз Тоҷикистон хориҷ шуда, то боздошташ дар Русия ба сар мебурд.

 Қобили зикр аст, ки Алиҷон Аҳмадов, сокини деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакентро, ки мақомоти амниятӣ боздошт намуда, ба боздоштгоҳи Хуҷанд овардаанд, чанд соли охир ягон фаъолияти сиёсӣ надошт.  Солҳои охир дар хатсайри Панҷакент – Дашти Қозӣ бо микроавтобуси «Старекс” кирокашӣ мекард.

Алиҷон Аҳмадов дар собиқ баробари раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент будан, ҳамзамон узви раёсати вилоятии ҲНИТ буд. Ҳамони раисияш дар бахши ҲНИТ ва узви раёсати вилоятӣ буданаш Наимҷон Самеев роҳбарии шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғдро ба ӯҳда дошт.

Сино Ҳасанзода

Аз соли 2013 то мамнӯъ эълон шудани ҲНИТ роҳбарии бахши ҲНИТ дар Панҷакентро Сино Ҳасанзода ба уҳда дошт. Сино Ҳасанзода низ ҳарҷанд баёноти видеоӣ дода, хориҷ шудани худ аз ҲНИТ-ро эълом мекунад, соли 2015 дастгир ва бидуни собит намудани ҳеҷ ҷурме ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба назар мерасад, баёнотҳои видеоии ин ду собиқадори панҷакентии ҲНИТ барояшон ҳеҷ фоидае накардааст. Дида мешавад, дурӯғии ваъдаҳои дар ҳолати хориҷ шудан аз ҲНИТ ва додани баёнияҳои видеоӣ бахшида шудан, низ ошкор шуда истодааст. Мақомоти Тоҷикистон бо ин амалҳои худ дарак аз он дода истодааст, ки касеро бахшиданӣ нест.

 

Бо ба инобат гирифтани таҷрибаҳои пешин, бовар кардан ба ин ки Алиҷон Аҳмадов ҳамчун шоҳид баёнот медиҳад ва озод хоҳад шуд, дур аз воқеъият аст. Аз рӯи таҷрибаҳо сараввал ӯро маҷбур мекунанд, ки алайҳи Наимҷон Самеев шаҳодатҳои бардуруғу бофтаи табъи дили мақомоти айбдоркунанда диҳад. Баъдан бо чанд ҷурмҳои сохта алайҳи худаш чанд соли тулонии зиндонро барояш «туҳфа» мекунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>