Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар Чин амниятиҳои фасодкор аз мақом руфта мешаванд

$
0
0

Ма Тзян, собиқ муовини вазири амнияти давлатии Чинро  Додгоҳи ин кишвар ба ҳабси абад маҳкум кард. Ма Тзян ҳамчун  фасодкор тибқи қарори додгоҳи шаҳри Даляни устони Ляонини Чин маҳкум ба зиндон шуд.

Ин мақомдори аршади ниҳоди амниятии Чин аз соли 2006 то 2015 дар вазифаи муовини вазири амнияти давлатии Чин кор мекард ва  идораи 8-уми вазорат, яъне фаъолиятҳои истихборотиро роҳбарӣ мекард.

Аз рӯи қарори додгоҳи шаҳри Далян тамоми дороиҳои ин мақомдори аршади Чин мусодира ва бар замми ни 3,7 млн доллар ҷарима шудааст.

Тафтишот муайян кардааст, ки аз соли 1999 то соли 2014 Ма Тзян бо сӯистифода аз мақоми худ ба миллиардер Го Венгой, роҳбари ширкати Beijing Zhengquan, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштааст, кӯмак кардааст.

Чин бори аввал нест, ки нисбати шахсиятҳои аршади ин кишвар бо иттиҳоми фасодкорӣ ё ғасби моликияти давлатӣ  ба солҳои тулонӣ ва ҳатто ба ҳабси адабу ҳукми қатл маҳкум мешаванд.

Собиқ раҳбари полиси байналмилалӣ Менг Ҳонгвей се моҳ пеш авоили моҳи октябри соли 2018 ҳини сафараш ба Чин нопадид шуда, баъдан ҳукумати Чин  тасдиқ кард, ки раҳбари полиси байналмилалии Интерпол Менг Ҳонгвейро боздошт кардааст. Мақомоти Чин ӯро аз рӯи иттиҳоми фасод ва бархе ҷиноятҳои дигар боздошт кардаанд.

Гуфта мешуд  Менг Ҳонгвей дар фасодкорӣ ва гирифтани пора, ки дар замони муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин буданаш ҷой доштааст, дастгир шудааст.

Қобили қайд аст, ки бо иттиҳоми фасодкорӣ ва порагирӣ Ҷоу Юнкан, вазири пешини амнияти Чин низ ба ҳабси  абад маҳкум шуда буд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>