Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Раҳбари Паймони Миллӣ: Инқилоб бо эълон намешавад

$
0
0

Дар гуфтугӯи мустақими раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистоно мардум, корбаре бо номи Шарифҷон Шарифҷонов, ки зоҳиран ба “инқилоб”-и эълоншуда дар 10 октябри соли 2014 ишора мекард, гуфт “худро мухолиф мегиред, ҳамаро як бор аҳмақ карда, дар охир гурехтед, ҳама ба умеди мухолифини дарунӣ буд ва шасти мардумро гардондед”.

Раҳбари ҲНИТ дар посухи ӯ гуфт “мо ҳамон вақт ҳам мавқеъамонро гуфта будем ва ҳоло боз такрор мекунем. Аввал ин ки инқилоб бо эълон намешавад. Дар таърихи ягон инқилоб дида нашудааст, ки эълон крада бошанд рӯзи фалон соати фалон мо ба майдон мерезем. Агар шумо ба ин умед будед, ки инқилобро эълон мекунед ва мардуми дар дохилбуда инқилоб мекунанду шумо бо ҳавопаймоҳои Туркиш Эйрлайнсу Франс Эйру Аэрофлот вориди Душанбе мешавед, ин як хаёли хом аст. Баръакс ин аҳмақ кардани мардум аст.”

“Агар ман инқилоб кардани бошам, ҳади ақал рӯзи инқилобро эълон намекунам, баъдан худам меравам дар дохил ва паҳлӯи мардум меистам” — тасреҳ кард раиси ҲНИТ.

Ӯ гуфт инқилоб бояд табиӣ бошад ва он рӯз ҳатман фаро мерасад. Раиси Паймони Миллӣ изҳор дошт, ки ҳамон ҳамон ҳам ба онҳое, ки ин инқилобро эълон карда буданд гуфтем, ки ин кор шуданӣ нест ва рӯзи инқилобро ба як вақти номуайян партоед: “Ҳатто гуфтем моро гунаҳкор кунед ва гӯед, ки “Кабирӣ номардӣ кард”, аммо аз ин коратон даст кашед, чун шуданӣ нест ва мардум намебарояд”.

“Ҳоло мо муттаҳам ба он ки пеши роҳи ин инқилобро гирифтем. Агар инқилобе, ки ҳеҷ кас набарояд, ё ба як гапи Кабирӣ анҷом нашавад, пас он инқилоб набудааст. Пас шумо ҳарфатон дар мардум намегузаштааст” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Ӯ гуфт “барои инқилоб бояд шароит ба вуҷуд биёяд, коре шавад, ки мардум ба ҷӯш биёянд. Инқилоб вақте мешавад, ки шумо бо марудм кор кунед, ҳадафатонро бифаҳмонед ва мардум эҳсос кунад, ки вақти бархостан расидааст”. Ва қоидаи машҳури Ленинро мисол зад.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>