То чанд соли пеш қабл аз маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон, мавзӯъи асосии ВАО, чӣ давлатӣ ва чӣ озод, ҳамин маҷлис мегашт. То як моҳ қабл аз ҷаласа расонаҳо мавзӯъҳои баҳс дар онро ба баррасӣ гирифта, чӣ касоне ба истеъфо фиристода шуданашонро тахмин мезаданд.
Аммо солҳои охир маҷлиси солона на танҳо аз рӯйхати рӯйдодҳои муҳим ва баррасишавандаи сол берун афтод, балки ба як мавзӯъи хеле кӯчак, ки расонаҳо танҳо ба он ишора мекунанд, табдил ёфт. Ҳатто расонаҳои давлатӣ, ки қаблан аз ин маҷлис сенсатсия сохтан мехостанд, бо танҳо як-ду гузориш қаноъат мекунанд.
Якрангии ин маҷлисҳо ва бидуни ҳеҷ пайгириву натиҷае боқӣ мондани супоришҳои додашуда дар он, маҷлиси солонаи ҳукуматро ба як шоуи такрорӣ, ки мардум аз дидани зиёдаш хаста мешавад, табдил додааст. Ба истеъфо фиристода шудани вазиру кабире ҳам дигар таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ҷалб намекунад. Чун мардум итминон ҳосил кардааст, ки истеъфои як вазир таъини нави ӯ дар курсии ҳамсон ё каме болотару поинтарро дар пай дорад. Танҳо марг, беморӣ ё нотавонии аз ҳад зиёд метавонад як вазирро дар Тоҷикистон ба истеъфои бидуни бозгашт фиристад.
Чун таваҷҷӯҳи мардум ба ин хабарҳо хеле кам шудааст, расонаҳо ҳам дигар ба он аҳамият намедиҳанд. Магар дар сурате, ки хабари боаҳамияттаре пайдо накарданду бояд барои пур кардани лента хабареро нашр кунанд.
Маҷлиси имсола ҳам истисно набуд. То рӯзи баргузориаш тақрибан ҳеҷ хабаре дар бораи он нашр нашуд, чӣ расад ба таҳлилу пешбиниҳо. Хабару гузоришҳо аз ҷараёни он ҳам хонандаи камтаре дошт, магар аз маҷлис ронад шудани раҳбарони “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк”. Ҷои таъаҷҷуб ҳам нест, чун як чунин хабарҳо дар ҳар ҷомеъае хонандаи бештар доранд.
Аммо мавзӯъе ҳам буд, ки воқеъан диққати хонандагонро ҷалб кард — тангтар шудани доираи ҳукумат ва дар чаҳордевории як оила ҷой шудани он. Қаблан агар ҳукумат аз кӯлобиҳо буду кам кам дар он танҳо данғарагиву фархориҳо боқӣ монданд ва сипас барои фархориҳо ҳам ҷои пое ҷуз Кумитаи амният намонд, ба назар мерасад он кам кам ба инҳисори як оила табдил мешавад. Баъид нест ба зудӣ шоҳиди дар садри вазоратҳои калидӣ қарор гирифтани духтарону домодҳо шавем.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маҷлис аз фаъолияти аксарияти кулли вазирону раисон интиқод кард ва онҳоро ба ноӯҳдабароӣ муттаҳам сохт. Хушбахтарин вазиру раис дар ин маҷлис ҳамоне буд, ки танқид нашунид. Ягона раисе, ки на танҳо танқид нашунид, балки таъриф ва қадрдонӣ шуд, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ буд. Писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон.
Тамоми ноӯҳдабароён (яъне ҳамаи аъзои ҳукумату раисону раҳбарон ба ҷуз Рустами Эмомалӣ) зери назорати шадиди Озода Раҳмон супорида шуданд. Духтари раисҷумҳур.
Минбаъд вазирон бояд аз писар ибрат гиранд, назди духтар ҳисобот диҳанд ва аз падар итоъат кунанд. Албатта то замоне, ки писару духтарони дигар ба мансабҳои калидӣ нарасанд. Он замон вазифаҳо тағйир хоҳанд кард.
Як корбари фейсбук бо номи Сомон Раҳимӣ навиштааст “Падару духтар фармонбозӣ карда гаштиян. Ҳамаи хукумат оилавӣ шудагӣ, намешавад мардума ғам надода дар хонаашон маҷлис кунанд?”