Ширкати ҳавопаймоӣ корти шиносоии бештари кишварҳои дунёст, ва на танҳо иқтисодӣ. Намодҳои давлатие ҳастанд, мисли парчам, нишон ва ғайра. Вале онҳо бо фарқ аз тайёраҳо аз як кишвар ба кишвари дигар ва байни қитъаҳо парвоз намекунанд. Намодҳои давлатиро танҳо шаҳрвандони кишвар ва меҳмонҳо мебинанд. Вале нишонҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҳама фурӯдгоҳҳо, билетҳо ва монитори фурӯдгоҳҳо дида мешаванд. Парчами баланди мо ва ё ҳайкали Сомонӣ Тоҷикистонро дар хориҷ, аз ҷумла дар кишварҳои дур муаррифӣ намекунанд. Кишварҳое, ки то ҳаде бузург нестанд, то тамоми ҷаҳон онҳоро бидуни муаррифӣ ҳам шиносад, мекӯшанд корти муаррифии худ — ширкати миллии ҳавопаймоиро дар сатҳи ҳарчӣ беҳтаре ҳифз кунанд, чун намои чеҳра, ном ва имиҷи кишвар.
Вале, бо кадом сабабе, мақомоти Тоҷикистон ба ғарқ кардани корти муаррифии кишвар машғуланд. Ба Эмомалӣ Раҳмон бештар писанд аст, ки дар фурӯдгоҳҳои ҷаҳон ҳавопаймо бо номи писари ӯ фурӯд ояд, на бо номи миллати он кишваре, ки ӯ 27 сол аст дар он ҳукмронӣ мекунад.
Ҳар чаҳор ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” дар истгоҳи ҷанубии фурӯдгоҳи Душанбе қарор доранд. Истгоҳи ҷанубӣ барои ҳавопаймоҳое пешбинӣ шудааст, ки ё корношоям шудаанд, ё муваққатан аз истифодаашон боз дошта шудааст. Аммо дар ҳолати Тоҷик Эйр ин идомаи муфлиссозии нақшавии ширкати миллии ҳавопаймоӣ аст.
Тӯҳфаи солинавӣ барои Тоҷик Эйр
Аз оғози соли ҷорӣ Ширкати таъминоти сӯзишворӣ (ШТС — ТЗК (топливно заправочная компания)) аз додани керосин ба Тоҷик Эйр барои анҷоми парвозҳо даст кашид. Бинобар ин ширкат парвозҳои худро қатъ кард. Ҳавопаймои ягонаи ширкат дар боздошт қарор дорад, ҳавопаймоҳои дигар ба лизинг гирифта шудаанд. Тибқи шартномаи лизингӣ, ширкати ҳавопаймоӣ бояд пули иҷораро пардохт кунад. Вале вақте тайёраҳо парвоз намекунанд, марги ширкат фаро расидааст.
Ихроҷи нақшавии Тоҷик Эйр аз бозор
Даромади ягонаи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳисоби фурӯши билет аст. Ин нақшро “Агентии алоқаи ҳавоӣ” (ААҲ) ба дӯш гирифтааст, ки молики ягонааш Таҳмина Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон аст. Мудири кулли он бошад шавҳари Таҳмина — Давлатбек Зарипов.
Ширкати ҳавопаймоӣ кассаҳои худро надорад ва тамоми билетҳояш тавассути ААҲ ба фурӯш мераванд. Тамоми ширкатҳои дунё даҳҳо агенти фурӯши билет доранд, вале билетҳои Тоҷик Эйрро Таҳмина инҳисорӣ кардааст.
Ҳақи агенти маъмулан 5% аз қимати билет аст. Аҳёнан, баъзе ширкатҳо 7% пардохт мекунанд. Вале ААҲ аз Тоқик Эйр 14% мегирад. Ширкатҳои ҳавопаймоии хурду миёна ҳудуди 10-15 дарсади даромадашон фоида аст. Яъне агар як билет 2000 сомонӣ қимат дошта бошад, фоидаи ширкат аз он 100-150 сомониро ташкил медиҳад. Бо пардохти 14% ҳақи агентӣ, Тоҷик Эйр 70-80 дарсади фоидаашро ба духтари раисҷумҳур медиҳад. Бинобар ин ширкат ҳамеша муфлис ва қарздор аст.
Касе ҳақи эътироз ба “маликадухтар”-ро надорад, аз ин рӯ интиқоли маблағи билет ба ширкати ҳавопаймоӣ ҳам танҳо замоне сурат мегирад, ки эшон хостаанд.
Бахши дигаре, ки кори ширкати ҳавопаймоиро фалаҷ мекунад, Ширкати таъминоти сӯзишворӣ (ШТС — ТЗК (топливно заправочная компания)) мебошад, ки ҳавопаймоҳоро бо сӯзишворӣ таъмин мекунад. Ширкати таъминоти сӯзишворӣ ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур таъаллуқ дорад ва монополисти бозор аст. Қаблан чанд ширкат ба таъмини сӯзишворӣ машғул буданд, аммо баъди вориди ин соҳа шудани Асадуллозода, он пурра монополӣ гардид. ШТС сӯзишвориро бо нархи хеле гарон — $1480 барои ҳар тоннаш мефурӯшад. Дар ҳамин ҳол Асадуллозода молики ширкати ҳавопаймоии хусусии Сомон Эйр аст.
ААҲ ва ШТС қаблан ҷузъи Тоҷик Эйр буданд. Онҳоро барои рушди бештари соҳа ва камтар кардани фасод мустақил карданд, вале чуноне ки мебинем, ин азнавсозӣ ба рукуди соҳа ва рушди фасод расонидааст ва ба ҳарчӣ зудтар муфлис шудани ширкати миллӣ мусоидат намудааст.
Бояд қайд кард, ШТС дар ноҳияи офшории Бритониё чун Menford Holding LTD ба қайд гирифта шудааст. Раҳбарии онро Илҳом Соҳибов, ҷияни Ҳасана Асадуллозода ба дӯш дорад.
Соли гузашта бо супориши Рустами Эмомалӣ Тоҷик Эйр чанд майдончаи варзишӣ сохт. Ҳар замон ширкат мисли ширкатҳои дигар маҷбур аст ба сохтмони Роғун, ороиши арча ва дигар чорабиниҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ кунад.
Сомон Эйр алайҳи Тоҷик Эйр?
Камтар бизнесе вуҷуд дорад, ки соли аввали фаъолияташ фоида оварад — он бештар барои бозор мубориза мебарад. Соҳаи авиатсия ҳам истисно нест.
Вале ин қоида ба ширкатҳои Оила, аз ҷумла Сомон Эйр дахл надорад.
Баробари вориди бозор шудани ин ширкат, Тоҷик Эйр аз хатсайраш дар “прайм-тайм” (қиматтарин вақти рӯзона) маҳрум шуд.
Чунин кор дар ҳеҷ гӯшаи дигари дунё дида нашудааст, ки мақомот аз ширкати давлатӣ беҳтарин хатсайрашро гирифта ба ширкати хусусӣ ва навпайдо диҳанд.
Дертар Тоҷик Эйр аз парвозҳояш ба Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Истамбули Туркия маҳрум гашт. Сомон Эйр натавонист парвоз ба Шарҷаро идома диҳад, вале ба Истамбул то ҳол пайваста парвоз мекунад.
21 июли соли 2014 Фирӯз Ҳамроев, он ҳамон раҳбари кулли Тоҷик Эйр, собиқадори авиатсия гуфт, ки замон сол Вазорати нақлиёт парвози Тоҷик Эйр ба Истамбулро боздошт ва хатсайрҳои Хуҷанд-Маскавро аз 7 ба 4 парвоз дар ҳафта поён бурд. Ба нафъи ширкати хусусии Сомон Эйр.
“Мо кӯшиш дорем хатсайрҳои нав боз кунем, то бо ҳар роҳе хароҷотамонро пӯшонем. Зеро бо додани хатсайрҳо ба ширкати дигар мо ҳар семоҳа 20 миллион сомониро аз даст медиҳем, ки солона ба 80 миллион баробар аст ва инро мешавад гуфт “рақобати ноодилона” — гуфта буд раҳбари “Тоҷик Эйр”.
Худи ҳамон рӯз Ҳамроев вазифааш сабукдӯш гардид ва новобаста аз таҷрибаи бузурги кориаш дар соҳа, аз авиатсия ронда шуд. Ҳамроев танҳо ҳамонро гуфт, ки як раҳбари содиқ вақте ширкаташ қурбонии рақобати ноодилона мешавад, мегӯяд. Дар ҳамин ҳол ӯ манфиъати ширкати давлатӣ, яъне мову шумо — шаҳрвандони кишварро ҳимоя мекард.
Вале ӯ ба “хатои сиёсӣ” роҳ дод. Шояд барои лаҳзае фаромӯш кард, ки ӯ ҳамагӣ раҳбари як ширкати давлатӣ аст, вале ширкате, ки ӯ аз болои он шикоят кард, ба раҳбари давлат таъаллуқ дорад. Ӯ ба худ иҷоза дод фикр кунад, ки манофеъи давлат аз манофеъи раҳбари давлат болотар меистанд. Чун дар ҷомеъаҳои солим мӯътақиданд, ки “сарони давлат меоянду мераванд, вале давлат ва мардум побарҷост”.
Ба ӯ ва ба ҳамаи мо фаҳмонданд, ки манофеъи кӣ бояд болотар аз ҳама бошад.
Каме дар бораи Сомон Эйр
Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр ширкати хусусӣ ва… хориҷӣ аст. Дар ин бора моҳи апрели соли гузашта Вазорати нақлиёти Русия, замоне, ки парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро манъ мекард, изҳор карда буд.
“Молики мажоритарии (асосӣ) ин ширкати ҳавопаймоӣ шаҳрванди кишваре, ки ин ширкатро ба хатсайрҳои байналмиллалӣ таъин кардааст, нест” — тасреҳ карда буд он замон вазоратхонаи Русия.
Тибқи маълумоте, ки Паём дар даст дорад, муассиси Сомон Эйр SDH Investment Corp аст, ки дар ноҳияи офшории ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст. Тариқи ҳамин офшор инчунин пулҳои Ширкати алюминии ТАлКо “шуста” мешаванд.
SDH шакли кӯтоҳшудаи насаби Саъдуллоев Ҳасан (насаби қаблии Ҳасан Асадуллозода тибқи шиноснома) мебошад.
Борти №1 бо номи Сомон
Раисҷумҳурҳои ҳамаи кишварҳо дар ҳавопаймоҳое парвоз мекунанд, ки дар он номи кишварашон сабт шудааст, парчами давлатӣ дорад ва моликияти давлат аст. Ё бо хатсайрҳои муқаррарӣ парвоз мекунанд, чуноне ки гоҳе Ангела Меркел, раҳбари “қашшоқтарин” кишвари Аврупо мекунад.
Ин як жести намодина аз тарафи раисҷумҳурҳост, чун онҳо асоситарин намояндагони кишвари худ дар хориҷ ҳастанд.
Барои мисол Нурсултон Назарбоев дар ҳавопаймое парвоз мекунад, ки номи кишвараш навишта шудааст — Қазоқистон, Владимир Путин дар ҳавопаймои Россия, Доналд Трамп дар United States of America, Си Тзинпин дар тайёраи Air China, Тамим бин Ҳамод оли Сони бо Qatar Airways ва ғайра. Раҳбари кадом кишварҳо будани нафарони зикршударо хотиррасон кардан шарт нест, чун тайёраҳояшон гувоҳӣ медиҳанд.
Вале раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳавопаймое парвоз мекунад, ки номи… писараш Сомонро дорад ва ба додарарӯсаш мутаъаллиқ аст. Амалан Эмомалӣ Раҳмон аз миллати тоҷик рӯй гардонидааст ва аз муаррифӣ кардани он дар хориҷ хиҷолат мекашад. Ин нишондиҳандаи муносибати ӯ бо миллати тоҷик, давлат ва манофеъи он аст. Ӯ ба ҳама нишон медиҳад, ки номи писараш, манофеъи шахсии молиявиаш аз манофеъи миллати тоҷик болотар меистад.
Аз тарафи дигар, ин зарбаи дигаре ба буҷа аст, чун ин парвозҳо аз ҳисоби буҷа, аниқтараш аз кисаи мову шумо пардохт мешавад. Мо барои ҳар сафари раисҷумҳур ба ширкати хусусии Сомон Эйр ҳади ақал $100 000 доллар пардохт мекунем. Қимати парвоз вобаста аз тӯли он ва масрафи сӯзишворӣ аст, ки метавонад гоҳе бамаротиб болотар аз ин рақам бошад.
Ин лабиринт дар сатҳи як оила аст, ки масрафашро мову шумо пардохт мекунем. Мо, мардуми Тоҷикистон аз кисаи худ ба ширкати оилавӣ барои ҳар парвози раҳбари ҳамин оила ва давлат дар як чеҳра, ҳади ақал 100 ҳазор доллари ИМА пул месупорем. Дар ҳоле, ки аксари ин парвозҳо ҳеҷ самарае дар пай надоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳавопаймоҳои ин ширкати оилавӣ бо пули мардум харида шудаанд. Чун сардори ин оила сардори давлат ҳам ҳаст, мо чун шаҳрвандони қонунмеҳвар бояд ба ширкате, ки ба оилаи раисҷумҳури кишварамон таъаллуқ дорад, пул пардохт кунем.
Тақаллубҳои молии Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи пайдоиши Сомон Эйр дар бозори авиатсия ношаффоф аст. Ширкати хориҷӣ бо номи тоҷикӣ бо ду ҳавопаймои нав якбора аз худ дарак медиҳад ва хатсайрҳое, Тоҷик Эйр даҳсолаҳо омода кардааст, соҳиб мешавад. Албатта он барои хонандаи ноогоҳ ғайришаффоф аст. Барои шаҳрвандони каме огоҳ ҳама чиз рӯшан мебошад. Бахусус агар ба факту воқеъиятҳо бодиққат нигоҳ карда шавад.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо нохун задан ба эҳсоси ватандӯстии мардум, маъракаи ҷамъоварии маблағ барои сохтмони НБО “Роғун”-ро эълон кард. Дар тамоми кишвар мардум маҷбуран ихтиёрӣ саҳмия мехариданд. Ҳатто дар боғчаи бачагон. Кампин расман аз тарафи давлат замоне қатъ шуд, ки маблағи баробар бо $186 млн. (бо қурби соли 2011) ҷамъоварӣ гардид. Аз он рӯз боре ҳам мақомот ба хариди саҳмияҳои Роғун касеро аз сокинони кишварро даъват накарданд. Суоле ба миён меояд, ки Роғун ба Сомон Эйр чӣ дахл дорад?
Як моҳ пас, ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр” эълон кард ду тайёраи нав харидааст. Нархи ҳар тайёра 93 миллион доллар ва қимати ҳардуяш ба 186 миллион доллар баробар буд. Бо гузашти 7 сол ягон саҳҳоми Роғун, ки саҳмия дар кунҷи сандуқаш хобидааст, ҳисоботе дар бораи ба куҷо масраф шудани маблағи саҳмияаш дастрас накардааст.
Манобеъи Паём мегӯянд, ки Сомон эйр ҳеҷ ӯҳдадории молӣ назд кадом бонк ё сармоягузоре барои ҳавопаймоҳое, соли 2011 харида шудаанд, надорад. Яъне Сомон Эйр барои хариди ду ҳавопаймои наву гаронбаҳо аз ҳеҷ бонке қарз нагирифтааст ва ҳеҷ сармоягузореро ҳам ҷалб накардааст.
Викиликс ҳам хабар медиҳад, Сомон Эйр барои ин ду тайёра пули нақд пардохт намудааст. “Барои ин ҳавопаймо “Сомон Капитал” пули нақд пардохт кард ва чун омодаи истифодаи ин тайёраҳои гаронқимат ва хидматрасониашон гарон набуд, маҷбур шуд бо Turkish Air созишномае барои хидматрсонии гарони тайёраҳо имзо кунад” — омадааст дар гузориши он.
Ҳамин тавр, агар ҳамаи факту далелҳо ҷамъоварӣ ва муқоиса карда шавад, мешавад ба ин хулоса расид, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як нақшаи қаблан тарҳрезишуда, барои зина ба зина ба дасти оилаи худ додани бозори авиатсионӣ мусоидат кардааст.
Дар ин бора ҳамонҷо Викиликс ҳам ишора кардааст. Ин сайт ҳамон сол пешбинӣ кардааст, ки ишораҳои мақомоти Сомон Эйр ва ҳаҷми нақшаҳои онҳо нишон медиҳад, ки ба зудӣ Тоҷик Эйр муфлис шуда, тамоми парвозҳояш дар ихтиёри Сомон Эйр қарор мегирад.
Раҳмон метавонист ин корро содатар анҷом диҳад. Масалан мисли ТАлКо. Вале инҷо роҳи дигареро пеш гирифт. Бо пули мардум тайёраҳои нав харид ва онро дар ихтиёри оилааш гузошт. Сипас як ширкати бузурги ҳавопаймоиро чанд қисмат кард ва байни аъзои оилааш тақсим намуд — Ширкати таъминоти сӯзишворӣ ба Ҳасан, Агентии алоқаи ҳавоӣ ба Таҳмина, Ширкати таъминкунандаи хӯроки борт Tajik Catering Service ба Ашраф Гулов (домод). Ва онро пурра ба муфлисӣ расонд.
Харобкории иқтисодӣ алайҳи давлат ва мардуми худ на танҳо ҷиноят аст, балк дар як қатор кишварҳо чун хиёнати давлатӣ қабул крада мешавад.
Ҳарфҳои болоро тағйироти нави кадрӣ дар Тоҷик Эйр ҳам тасдиқ мекунанд. Раҳбари кулли нави Тоҷик Эйр Дилшод Исматуллозода — додарарӯси Ҳасан Асадуллозода таъин шудааст. Дар соҳаи авиатсия ӯ як нафари тасодуфист. Мақомҳои қаблии ӯ ҳам чандон ҳайратовар нест — сардори Раёсати сармоягузории НБО Роғун, дертар раиси молиявии ҳамин НБО. Дилшод Исматуллозода то омаданаш ба Тоҷик Эйр ба ҳайси ҷонишини раҳбари Дастгоҳи раисҷумҳур кор кардааст. Яъне ҷонишини Озода Раҳмон.
Ин аз тақаллуби молии Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода ва дуздии пули мардум, ки ба НБО Роғун равона карда шуда буд, гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамчунин дигар шубҳае вуҷуд надорад, ки ҳарду ширкати ҳавопаймоии кишвар ба як оила таъаллуқ доранд.
Худи Ҳасан Асадуллозода язнаи бад нест. Ӯ тавониста ҳамаи бародарони хонумашро ба корҳои хуб таъмин кунад: Шӯҳрат Исматуллоев ҷонишини раиси бонки хусусии ӯ Ориёнбонк аст. Бародари дигарашон Ҳасан Исматуллоев раҳбарии Маркази савдои Рӯдакӣ Плазаро дар ихтиёр дорад. Дугоники ӯ Ҳусейн ба шустани пулҳои оилавӣ машғул буда, онҳоро ба ҷазираҳои Вирҷин ба ширкати Yab Group Ltd мефиристад.