Як қурбонии пурсадама дар ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси марги 9 нафар гашт, ки аксарашон занон ва кӯдаконанд. Опел Зафираи ҳомили 9 мусофир ва ронанда ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.
Ин ҳодиса дирӯз 29 январ байни деҳаҳои Ҷорф ва Вишхарв рух дода, танҳо ронанда аз он ҷон ба саломат бурдааст.
Дар ин садама 9 нафар — як мард, се зан ва панҷ кӯдак ба ҳалокат расиданд ки ҳамагӣ сокинони деҳаи Курговади ҷамоати Вишхарв мебошанд. 5 нафари ҷонбохтаҳо узви як оилаанд: Гуландом Ҷалоловаи 36 сола бо чаҳор фарзанди хурдсолаш — Абубакр, Умар, Усмон ва Нигина, ки ҳеҷ нафар аз онҳо ҳатто мактабхон набудааст.
Қурбониёни дигаи ин ҳодиса Сӯҳроб Худойдодови 41-сола, Бунафша Муаззамоваи 44-сола, Маҳина Муаззамоваи 30-сола бо фарзандаш Орзу Алиҷонови 5-сола гуфта мешаванд. Ҳамаи ҷонбохтагон аз дарёи Панҷ берун оварда шудаанд.
Мақомот ҳанӯз шарҳи расмии оиди ин ҳодиса ироа накардаанд ва ҳеҷ мақоми расмӣ — на раисҷумҳур ва ҳатто раиси ВМКБ ё ноҳияи Дарвоз ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ накардаанд.
Ин қисмати роҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки дар он 9 нафар ҷони худро аз даст доданд, яке аз пастсифаттарин роҳҳои Бадахшон ба шумор рафта, солҳои зиёд рӯи таъмирро надидааст. Қалан ҳам дар ин роҳ садамаҳои маргбор рух дода буданд.
Аз ҷумла, моҳи августи соли 2010 бар асари бар асари як ҳодисаи мушобеҳ дар мавзеи кӯҳи Сапеям, воқеъ дар гарданаи Хобу Рубот, 8 нафар мусофирони як “Тангем кушта шуданд аз ду кӯдак, чаҳор зан ва ду мард иборат буданд.